Венесуэла ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Фаластинро маҳкум кард

Вазорати хориҷаи Венесуэла бо судури баёнияе ҷиноёти режими палиди саҳюнистӣ, дар ҳамла ба Масҷид-ул Ақсо ва  Фаластиниёнро маҳкум кард .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати хориҷаи Венесуэла бо судури баёнияе иқдомоти хушунатомез ва ғайриқобили тавҷеҳи режими палиди саҳюнистӣ алайҳи Фаластиниён, аз ҷумла овораги иҷбории сокинони қонунии маҳаллаи шайхи Ҷарроҳ дар Қудс ва бомбаборони манотиқи Фаластиниро ба шиддат маҳкум кард .

“Хорхе Ариаса”, вазири умури хориҷаи Венесуэла ба намояндагӣ аз кишвараш, дар сафҳаи Тветарии худ бо интишори ин баёния хотирнишон кард : ин ҳамалот, нақзи ошкори ҳуқуқи башари мардуми Фаластинаст, ки аз ҷумлаи онҳо ме тавон ба овора кардани сокинони фаластинӣ аз хонаҳо ва сарзаминашон ишора кард .

Вазири умури хориҷаи Венесуэла бо интиқод аз ташдиди ҳамалоти низомии режими кӯдак куши саҳюнистӣ, ки токунун ба шаҳодати 24 фаластинӣ мунҷар шуда, муҷаддадан бар ҳимояти кишвараш аз ҳокимият, истиқлол ва ҳақи таъини сарнавишти мардуми Фаластин таъкид кард .

“Хорхе Ариаса”, ҳамчунин тасреҳ кард, ки танҳо роҳи ҳалли мусолиматомез барои поён додан ба ин даргириҳо, гуфтугӯ бар пояи эҳтироми байни тарафайн аст .

 

 

ВенесуэлаҚудсМасҷид-ул АқсоРежими саҳюнистӣФаластинХорхе Ариаса
Comments (0)
Add Comment