Ҳамлаи болгардҳои режими саҳюнистӣ ба Қунайтарияи Сурия

Хабаргузории расмии Сурия гузориш дод, ки болгардҳои низомии режими саҳюнистӣ манотиқеро дар минтақаи воқеъ дар Қунайтарияи Сурия ҳадафи ҳамлаи худ қарор доданд .

 

 

Хабаргузории расмии Сурия “САНА” гузориш дод, ки болгардҳои низомии режими палиди саҳюнистӣ аҳдоферо дар минтақаи воқеъ дар Қунайтарияи Сурия ҳадафи ҳамлаи худ қарор доданд .

Шабакаи “Ал-Маёдини” Лубнон низ ба нақл аз хабарнигори худ дар Сурия навишт, ки ин ҳамла токунун хисорате дар пай надоштааст.

Канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ, дарбораи минтақаи ҳадаф гирифта шуда аз сӯи болгардҳои исроилӣ иддао кард, ки як пойгоҳи майдонии вобаста ба нерӯҳои “Ҳизбуллоҳ”, дар Қунайтария ҳадаф қарор гирифтааст .

Расонаҳои иҷтимоӣ Сурия ҳам дар ин бора гузориш доданд, ки як мӯшак аз сӯи арозии ишғолӣ ба самти як мавқеияти низомӣ дар шимоли Қунайтария шиллик шудааст .

 

 

Ал-МаёдинҚунайтарияЛубнонРежими саҳюнистӣСАНАСурия
Comments (0)
Add Comment