Хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон оғоз шуд

Яке аз масъӯлони Пентогун аз оғози раванди хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон хабар дод .

 

 

Яке аз масъӯлони вазорати дифои Амрико ( Пентогун ), ки нахост номаш зикр шавад, дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Анатолия” изҳор дошт : марҳалаи аввали хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон оғоз шуд . Ҳануз бахши бузурге аз нерӯҳо ва таҷҳизот хориҷ нашудаанд, аммо ин раванд оғоз шудааст .

Вай ҳамчунин гуфт, ки токунун ҳудуди 100 персонел ва бархе аз таҷҳизот аз Афғонистон хориҷ шудаанд .

Вай тасреҳ кард : дар миёни персонели хориҷ шуда, илова бар сарбозон, кормандони давлатии вобаста ба вазорати дифоъ, вазорати умури хориҷа ва паймонкорон вуҷуд доранд . Аз ин рӯ дар марҳалаи аввал бештар, шоҳиди хуруҷи персонели ғайринизомӣ мешавад .

Гуфтани аст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида, тайи тавофуқномае бо гуруҳи Толибон мутаъаҳҳид шуда буд, ки сарбозони Амрикоиро то аввали моҳи майи 2021 аз Афғонистон хориҷ кунад .

Ҷу Байден, раиси ҷумҳури феълӣ низ, ки дар 20 январ бар сари кор омадааст, таърихи эълом шударо тағйир дода ва эълом кард, ки ин раванд аз аввали моҳи май оғоз шуда ва то 11 сентябр ба поёни хоҳад расид .

АмрикоАфғонистонПентагонҶу Байден
Comments (0)
Add Comment