Мулоқоти Раҳмон бо ҳайатҳои СААД ва изҳори нигаронӣ аз буҳронҳои шадиди амниятӣ

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз дар Қасри миллат роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои дафтари матбуотии президент, дар мулоқот фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо зарур шумурда шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба ҳамкории байни кишварҳоямон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи Созмон, ишора кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бо ҳайатҳо вазъияти имрӯзаи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардидааст.

Дар зимн, фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо зарур шумурда шуд.

Президенти Тоҷикистон дар охир изҳори умед намудааст, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, пурсамар хоҳад буд.

АфғонистонҚасри МиллатСААДСозмони Аҳдномаи Амнияти ДастаҷамъӣТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment