Ҳамла бо корд дар Фаронса боиси кӯшта шудани як полис шуд

Яке аз нерӯҳои полиси Фаронса дар пайи ҳамлаи як фард бо корд ба ӯ, ба далели шиддати ҷироҳоти ворида ҷони худро аз даст дод .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, фарде бо корд як полиси занро дар вурудии сохтумони идораи полис дар хориҷ аз шаҳри Порис мавриди ҳамла қарор дод .

Бар асоси ин гузориш, ин ҳодиса дар шаҳри “Rambouillet” (Рамбуйлет), дар хориҷи Порис, пойтахти Фаронса рӯй додааст .

Вазири кишвари Фаронса дар паёми Твитарӣ эълом кард, ки таҳқиқот барои баррасии ҷузъиёти ҳодисаи мазкӯрро оғоз кардааст .

Дар ҳамин иртибот, вазорати кишвари Фаронса эълом кард : фарди зориб кушта шудааст . Ӯ дорои тобеъият Тунес будааст.

RambouilletReutersПорисФаронса
Comments (0)
Add Comment