Сархатиби масҷиди Яккачинор ҳам боздошт шудааст

Кумити давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ассадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанберо низ се рӯз пеш боздошт кардааст.

Тавре, ки манобеи хабарӣ гузориш додаанд, пайвандони Асадулло Исмоилов дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки “сабаби боздошти ӯро намедонанд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд”.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад Асадулло Исмоилов низ дар баробари дигар руҳониён дар маросими ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ширкат доштааст.

Ин дувумин боздошти имомхатибҳо дар Душанбе дар як ҳафтаи ахир аст. Чанд рӯз пеш Кумитаи амният аз боздошти сархатиби ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Абдулҳақ Обидовро боздошт ва ба пайрави аз ҷараёни мазҳабии салафия, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, айбдор кард.

Қадруддин Исмоилов яке аз бародарони Исмоилов гуфтаас, ки танҳо ҳаминро медонад, ки “барои суҳбат даъват шудааст”, вале мавзӯи суҳбатро намедонам.

Вай гуфт: “Ин давлат аст, ҳукумат аст, умедворам дида мебароянд. Бегуноҳияш исбот шавад, ҷавоб медиҳанд. Ӯ доим ба фоидаи давлату ҳукумат ва халқу ватан сухан мегуфт ва бо гуруҳҳои навбаромади “салафӣ” сахт муқовимат мекард”.

Асадулло Исмоиловро кормандони мақомот шаби 19-ум ба 20-уми апрел пас аз анҷоми намози “Таровеҳ” аз масҷиди Яккачинори пойтахт дастгир карданд. Субҳи дигар мақомот ба хонаи Асадулло Исмоилов, воқеъ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ омада китобҳо ва адабиёти онҷо бударо тафтиш карда, қисме аз онҳоро бо худ бурдаанд.

Асадулло Исмоилови 42-сола, оиладор ва шаш фарзанд дошта, дар деҳаи Тепаи Самарқандӣ зиндагӣ мекардааст. Ӯ Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда, яке аз шогирдони Амонулло Неъматзода, собиқ муфтии Тоҷикистон будааст. Исмоилов нахуст дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва баъдан имомхатиби масҷиди Яккачинори Душанбе таъин шудааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни суҳбат бо расонаҳо, хабари боздошти Исмоиловро тасдиқ ё рад накардааст.

Асадулло ИсмоиловДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣКумитаи давлатии амнияти миллӣмасҷиди ЯккачинорСаидмукаррам АбдулқодирзодаТоҷикистонШурои уламои Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment