Баргузарии сеюмин даври ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Белгия

Маркази матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузарии сеюмин даври ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои диплумотики ин кишвар ва Белгия ба сурати маҷозӣ (виртуалӣ) хабар дод .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сеюмин даври ройзаниҳои сиёсии байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Белгия ба сурати маҷозӣ баргузор шуд .

Раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин музокиротро “Музаффари Ҳусайнзода”, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳайати тарафи муқобилро “Аник Ванкластер”, Мудири Кулли Хадамоти Умумии Федерол дар умури хориҷаи Белгия бар уҳда доштанд.

Тайи ин музокирот тайфи васеъе аз масоили марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, гардишгарӣ ва тавсеъаи пойдор баррасӣ шуданд .

Дутараф дар идомаи ин нишаст ҳамчунин мавзӯъоти марбут ба мубориза бо таҳдид ва чолишҳои замони муосир табодули назар сӯурат гирифт .

Тарафайн ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .

 

БелгияМузаффари ҲусайнзодаТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment