Партоби мӯшак аз самти Сурия ба Исроил

Артиши режими саҳюнистӣ аз партоби як мӯшаки замин ба ҳаво аз самти Сурия ба ҷануби саҳрои Нақб раҳгирӣ ва инҳидом он хабар дод .

 

 

Артиши режими саҳюнистӣ, бо интишори баёнияе эълом кард, ки як мӯшаки замин ба ҳаво аз самти Сурия ба ҷануби саҳрои Нақб шиллек шуд, ки онро раҳгирӣ ва таҷҳизоти партоби ин мӯшакро мунҳадим карданд .

Дар ин баёния таъкид шуд, ки режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ин ҳамла илова бар таҷҳизоти мӯшак партоб шуда, чанд макони шиллики мӯшаки замин ба ҳавои дигар дар Сурияро низ ҳадаф қарор додааст .

Ҳеч гузорише дар хусуси талафоти эҳтимолии ин ҳамла эълом нашудааст .

Аз сӯи дигар хабаргузории расмии Сурия “Сана”, низ эълом кард, ки чанд мӯшак аз Исроил ба Димишқ шиллик шудааст .

Дар ин гузориш омадааст : режими саҳюнистӣ ба шаҳри Аззамир, дар шимоли шарқии Димишқ ҳамлаи мушакӣ анҷом дод ва системаҳои падофанди ҳавоӣ Сурия дар ҳоли раҳгирии мӯшакҳои душман аст .

Илова бар артиши Сурия, гуруҳҳои наздик ба Сипоҳи Посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар атрофи Димишқ мустақар ҳастанд .

ДимишқРежими саҳюнистӣСурияҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment