Ҳамла ба маркази ҷосӯсии режими саҳюнистӣ дар шимоли Ироқ

Шабакаи хабарии "Ал-Олам", аз ҳамла ба маркази созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ (Моссад), дар шимоли Ироқ хабар дод .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Олам”, манобеи хабарӣ аз ҳамла ба маркази ҷосӯсии режими саҳюнистӣ дар шимоли Ироқ хабар доданд .

Бар асоси ин гузориш, манобеи ғайрирасмӣ гузориш доданд, ки як гурӯҳи ношинос маркази иттилоот ва амалиёти вижаи созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ (Моссад)-ро дар шимоли Ироқ ҳадаф қарор додааст .

Тибқи эъломи ин манобеъ, дар ин ҳамла шуморе аз нерӯҳои саҳюнистӣ кушта ва захмӣ шудаанд .

Манобеи мазкӯр ҳадаф қарор додани маркази иттилоотии Моссад, дар шимоли Ироқро зарбаи ҷиддӣ ба режими саҳюнистӣ баршумурданд .

Шабакаи “Ал-Олам”, ҳамчунин гузориш дод, ки иттилооти такмилӣ дар ин хусус эълом хоҳад шуд .

Ал-ОламИроқМоссадРежими саҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment