Низомиёни режими саҳюнистӣ 25 Фаластиниро боздошт карданд

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарии ишғолӣ 25 тан аз Фаластиниёнро боздошт карданд .

 

 

Бошгоҳи усарои Фаластинӣ, имрӯз душанбе бо интишори иттилоъияе эълом кард : низомиёни режими саҳюнистӣ шаби гузашта бо ҳамла ба манотиқи мухталиф дар Карона Бохтарӣ ва Руди Урдун 25 фаластинӣ аз ҷумла як занро боздошт карданд .

Бар ин асос, дар миёни афроди боздошт шуда 3 нафар аз раҳбарони Ҷумбиши Ҳамос низ ҳастанд .

Ҷумбиши Ҳамос ахиран эълом карда, ки ҳамзамон бо наздик шудани замони баргузарии интихобот дар сарзаминҳои Фаластин, боздошти раҳбарони ин ҷумбиш тавассути режими саҳюнистӣ афзоиш ёфтааст .

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳама рӯза ба баҳонаҳои мухталиф ба хонаҳои Фаластиниён дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ ҳамла барда ва ононро боздошт мекунанд .

Бар асоси оморҳои расмии Фаластин, ҳудуди 4450 асири фаластинӣ аз ҷумла 37 зан ва ҳудуди 140 кӯдак ва навҷавон дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебаранд, ки 440 нафар аз онҳо дар чорчуби қонуни боздошти идорӣ зиндонӣ ҳастанд .

Каронаи Бохтарӣрежими саҳюнисӣФаластин
Comments (0)
Add Comment