Решаи таҳдидҳои минтақа дахолатҳои фароминтақавӣ мебошад

Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон дар поёни 2-умин давраи музокироти ду ҷониба миёни вазирони дифои Эрону Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт: Шодам, ки дар ибтидои соли 1400 (ҳиҷрии шамсӣ) мизбони вазири муҳтарами дифои Тоҷикистон ва ҳайати муҳтарами ҳамроҳашон дар Теҳрон будем ва дар се рӯзе, ки ҳайати муҳтарами тоҷик дар Теҳрон буданд ду давра музокира анҷом шуд.

Вай идома дод: Дар ин се рӯз боздидҳои мухталиферо мутаносиб бо хости ҳайати Тоҷикистони омда карда будем, ки анҷом шуд ва дар поён натиҷаи музокироти имрӯз имзо шуд.

Ҳотамӣ гуфт: Дар музокироте, ки бо вазири муҳтарами дифои кишвари Тоҷикистон дар ин се рӯз доштем ва ҳамчунин музокироте, ки генерал Боқирӣ, раиси муҳтарами Ситоди Кулли Нерӯҳои мусаллаҳ бо тарафи тоҷикӣ доштанд мавзӯъоти мухталифи ду ҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор гирифт, ҳамчунин собиқаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар ҳам баррасӣ шуд ва албата мушкилоти пеши рӯ густариши ҳамкориҳо баррасӣ ва хушбахтона ба тафоҳумоти хӯбе барои густаришу идомаи ҳамкориҳо расидем.

Вай афзуд: Ду кишвари Эрону Тоҷикистони муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ба вижа тамаддунӣ ва забонии вижаэ бо ҳам доранд ба ҳамин хотир заминаҳои бисёр хубе барои густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба хусӯс дар соҳаҳои амниятиву дифоӣ миёни ду кишвар вуҷуд дорад.

Вазири дифио Эрон бо ишора ба равобити хуб миёни ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар гузашта, гуфт: Ҳамкориҳои ду ҷониба миёни ду кишвар қатъ шуда буд, ки имрӯз тасмим гирифтем як оғози дубора барои ҳамкориҳо дошта бошем ба ҳамин сабаб ҳайатҳои коршиносон мубодила карда мешаванд, ки ин ҳайатҳо суҳбату табодули назар хоҳанд дошту заминаҳои ҳамкориро ба таври комил фароҳам хоҳанд кард.

Ду кишвари Эрону Тоҷикистонро тероризм таҳдид мекунад, албата кулли минтақаи мо бо ин таҳдид рӯбарӯ аст ва ҳар ду кишвар мухолифи ин навъ таҳдидҳо ҳастанд, ки бештар решаи он дахолатҳои фароминтақавӣ мебошад.

Генерал Ҳотамӣ афзуд: Умедворем ин шурӯъе, ки дар оғози соли 1400 ва  ҳамзамон бо оғози баҳор аст як шурӯъи бисёр хуб барои ду кишвар дар ҷиҳати тақвияти амнияти минтақа бошад ва дар ниҳоят рифоҳ, осоиш ва оромиши ду миллати Эрону Тоҷикистонро фароҳам кунад.

Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ҳам дар ин нишасти хабарии муштарак, бо миннатдорӣ аз меҳмоннавозии ҷониби Эрон, гуффт: Аз вазири муҳтарами дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои даъвату анҷоми ин сафар ба сарзамини қадимии Эрону меҳмоннавозиашон ташаккур мекунам.

Вазири дифои Тоҷикистон афзуд: Сафари расмии ману ҳайати ҳамроҳ аз Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба Эрон дар рӯзҳое аст, ки миллатҳои ду кишвар наврӯзро ҷашн гирифтаанд, ба ҳамин сабаб бо истифода аз ин фурсат мехоҳам иди наврӯзро ба миллати Эрон табрик гӯям.

Шералӣ Мирзо бо ишора ба раванди музаккароти анҷом шуда дар се рӯзи сафар ба Теҳрон, изҳор дошт: Дар ин се рӯз дидор ва музокироти хӯбе бо вазири дифои Эрон доштем ва аз наздик бо бахше аз дастовардҳо тавонмандиҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ошно шудем.

Вай баҳсу гуфтугӯ дар хусӯси амнияти минтақавиву байналмилалӣ ва ҳамчунин таҳдидоти муштаракро аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугӯ бо вазири дифои Эрони эълом ва баён кард: Мо афзоиши амнияту муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаро дар гарави густариши ҳамкории минтақавӣ медонем, ҳамчунин муътақидем ҳамкорӣ миёни ду кишвар метавонад ба амнияти ду кишвар кумак кунад.

Вазири дифои Тоҷикистон гуфт: Аз ҳамтои худ ҷаноби Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон даъват кардам, ки дар фурсати муносиб сафари расмӣ ба Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дошта бошанд ва умедворем идомаи музокирот миёни ҳайатҳои тахассусии ду кишвар афзоиши ҳамкориҳо дар ҷиҳати таъмини амнияти ду ҷониба ва минтақавӣ бошад.

Қобили зикр аст, ки дар поёни ин музокирот тафоҳумномаи ҳамкорӣ ҳам байни ду тараф ба амзо расид.

минтақаТоҷикистонҲамкорӣЭрон
Comments (0)
Add Comment