Интиқоди намояндаи парлумон аз гаронии корти муофият аз сарбозӣ

Намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон қимати корти муофият аз хидмати ҳарбиро гарон ва ғайривоқеӣ тавсиф кард.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, Саидҷаъфар Усмонзода гуфтааст, ки чанд нафар аз донишҷӯёни соли охири донишгоҳҳо дар ин маврид ба вай муроҷиа ва эълом кардаанд, ки таъмини 25 ҳазор сомонӣ барои дарёфти корти муофият аз хидмати ҳарбӣ барояшон имконпазир нест.

Вай изофа кард: Аз сӯи дигар, масъулони бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишҷӯёни худ эълом кардаанд, ки барои муофият аз сарбозӣ бояд 28 ҳазор сомонӣ (2500 доллар) ба шумораи ҳисоби вижаи «Амонатбонк» пардохт кунанд, аммо маълум нест ки ин қиматро чӣ ниҳоде таъйин кардааст.

Саидҷаъфар Усмонзода ёдовар шуд: Ин ҳама дар ҳоле аст, ки қарор аст Ҳукумати Тоҷикистон то охири моҳи март дар ин замина тасмими ниҳоии худро эълом кунад.

Ин намояндаи Парлумони Тоҷикистон афзуд: Ҳамасола 65 ҳазор донишомӯхтаи мактабҳо ва донишгоҳҳо ба синни хидмати ҳарбӣ мувофиқ ҳастанд, аммо ниёзи Нерӯҳои мусаллаҳ ҷалби 15 ҳазор нафар аз ин афрод аст.

Ба гуфтаи Усмонзода, дар шароити иқтисоди буҳронӣ танҳо 5 то 6 дарсад аз мардум тавони пардохти ин маблағ ва дарёфти корти муъофиятро доранд ва ин дар ҳоле аст, ки бо ҳисоби тамоми касоне ки синнашон ба хидмати ҳарбӣ расидааст, солона бояд 50 ҳазор нафар корти муофият дарёфт кунанд, ки имконпазир нест.

Вай гуфт: Қимати корти муофият аз хидмати ҳарбӣ бояд байни 2 то 4 ҳазор сомонӣ бошад ва дар кишвари ҳамсояи Узбакистон қиматгузории мушобеҳе дар ин замина барқарор аст.

муофият аз хидматпарлумонСаидҷаъфар УсмонзодаТоҷикистонхидмати сарбоӣ
Comments (0)
Add Comment