Режими саҳюнистӣ аз вуруди даҳҳо фаластинӣ ба “Масҷидул-Ақсо” ҷилавгирӣ кард

Низомиёни режими саҳюнистӣ, даҳҳо Фаластиниро аз муқобили дари "Масҷидул-Ақсо", дар Қудси Ишғоӣ бозгардонда ва аз вуруди онҳо ҷилавгирӣ карданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, аз вуруди даҳҳо фаластинӣ ба “Масҷидул-Ақсо”, дар Қудси Ишғолӣ барои адои намози ҷумъа ҷилавгирӣ карданд .

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, Фаластиниён аз аҳолии Каронаи Бохтарии Ишғолӣ ба баҳонаи “Адами бархӯрдорӣ аз муҷаввиз” аз дарҳои минтақаи қадимӣ бозгардондааст . Фаластиниёни мазкӯр бо автобус ба нуқоти бозрасии низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, дар атрофи Каронаи Бохтарӣ мунтақил шудаанд . Ҳамчунин низомиён режими саҳюнистӣ, 4 Фаластиниро боздошт кардаанд .

Низомиёни режими саҳюнистӣ, танҳо барои аҳолии минтақаи қадимии Қудси Ишғолӣ, ки “Масҷидул-Ақсо”, дар он воқеъ шудааст, иҷозаи вуруд ба ин масҷидро дод, аммо аз вуруд садҳо нафар аз аҳолии Каронаи Бохтарӣ мумониат кардаанд .

Ҳар ҳафта маъмулан беш аз 10 ҳазор нафар, намози ҷумъаро дар “Масҷидул-Ақсо”, ба ҷой меоваранд.

Каронаи БохтарӣҚудсМасҷидул-ақсоРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment