Низомиёни саҳюнистӣ 17 Фаластиниро боздошт карданд

Низомиёни палиди саҳюнистӣ, бо ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ 17 Фаластиниро боздошт ва 3 хонаи мутаъаллиқ ба Фаластиниёнро тахриб карданд .

 

 

Бошгоҳи усароии фаластинӣ тайи иттилоъияе эълом кард, ки низомиёни кӯдак куши саҳюнистӣ, тайи 24 соати гузашта бо ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарии Ишғолӣ 17 Фаластиниро боздошт кардаанд .

Дар ҳамин хусус “Фуод Ал-Амур”, ҳамоҳангкунандаи муқовимати мардумӣ дар “Ал-Халили Каронаи Бохтарии Ишғолӣ”, ба хабаргузориҳо гуфт : низомиёни палиди саҳюнистӣ, бо ҳамла ба шаҳраки “Батои”, шаҳри Ал-Халил 3 хонаи мутаъаллиқ ба Фаластиниёнро тахриб карданд .

Вай афзуд : ба дунболи ин иқдоми низомиёни палиди саҳюнистӣ 12 фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон бе хонумон шуданд .

Гуфтани аст, низомиёни палиди саҳюнистӣ, тақрибан ҳар рӯз ба баҳонаи талош барои боздошти ” афроди таҳти таъқиб “, ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ ҳамла мебаранд ва бархе Фаластиниён аз ҷумла занону кӯдаконро, дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд .

Ал-ХалилКаронаи БохтарӣҚудсФаластинир
Comments (0)
Add Comment