Боздошти 19 фаластинӣ аз ҷумла 2 раҳбари “Ҳамос” дар Каронаи Бохтарӣ

Ба гузориши хабаргузории "Ал-Олам", низомиёни режими палиди саҳюнистӣ бо ҳамла ба манзили Фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ 19 нафар аз ҷумла ду раҳбари ҷумбиши "Ҳамосро" боздошт карданд .

 

 

Низомиёни кӯдак куши саҳюнистӣ бо ҳамла ба манзили чаҳор ҷавон аз аҳолии шаҳраки Қабатия, онҳоро боздошт карданд .

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ ҳамчунин як ҷавони Фаластиниро дар урдугоҳи Ҷинин, панҷ ҷавонро дар урдугоҳи Ал-Даҳиша ва шаҳраки Ал-Доҳа, боздошт карданд .

Тибқи гузориши хабаргузории “Маъо Фаластин”, нерӯҳои ишғолгари Қудс ҳамчунин бо ҳамла ба Наблус се фаластинӣ аз ҷумлаи ду раҳбари Ҳамос ба номҳои “Умар Абдурраҳмон Ал-Ҳанбалӣ” ва “Мустафо Аш-Шанор” устоди донишгоҳи миллии “Ан-Наҷаҳ”, ба боздошт худ дароварданд .

Низомиёни палиди саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ низ чанд нафарро боздошт карданд .

Ал-ОламКаронаи БохтарӣҚудссаҳюнистӣҲамосҶинин
Comments (0)
Add Comment