Бунёди 12 маркази омӯзишӣ барои ҷавонон дар ВМКБ

Бар асоси гузориши Вазорати меҳнат, дар вилояти Хатлон ва ВМКБ марказҳои касбомӯзӣ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар вилояти Хатлон ва ВМКБ марказҳои касбомӯзӣ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад, ки ин барои соҳибкасб намудани ҷавонон дар кишвар мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ додааст, ки ахиран Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Сидиқзода Шералӣ, директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории кишвар мулоқот намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвияти фаъолият дар самти рушди инфрасохтори зарурӣ ва татбиқи амалии лоиҳаи “Таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ”- ро мавриди муҳокимаи корӣ қарор доданд.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар доираи ҳамкориҳои муштараки Вазорат бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, М.А. Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ марказҳои касбомӯзӣ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Зикр шудааст, ки ин марказҳои касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани ҷавонон дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Вазорати меҳнатВМКБТоҷикистонҷавононШирин Амонзода
Comments (0)
Add Comment