Амрико Ансоруллоҳро аз феҳристи созмонҳои “террористӣ” хориҷ кард

"Энтони Блинкен", вазири хориҷаи Амрико барои нахустин бор эълом кард, ки лағви "таҳрими террористии" Ансоруллоҳи Яман аз се шанбе иҷроӣ хоҳад шуд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Олам”, вазорати хазона дории Амрико дар баёнияе эълом кард, номи Ансоруллоҳи Яманро аз феҳристи созмонҳои “террористӣ”, хориҷ кардааст .

Дафтари кантроли дороиҳои хориҷии вазорати хазона дории Амрико эълом кард вазорати хориҷаи ин кишвар расман номи гурӯҳи Ансоруллоҳи Яманро аз феҳристи созмонҳои истилоҳан “террористӣ”, хориҷ кардааст .

Дар баёнияе ки рӯи веби сайти вазорати хазона дории Амрико қарор гирифта омадааст : «дар таърихи 16 феврали 2021 ، вазорати хориҷаи Амрико қарор гирифтани “Ансоруллоҳи Яман”, дар феҳристи тероризмро ботил карда, ки дар натиҷаи ин иқдом, Ансоруллоҳи Яман, дигар дар ”муқаррароти таҳримҳои ҷаҳонии террористӣ”, “муқаррароти таҳрими созмонҳои террористии хориҷӣ” ё ” фармони иҷроӣ 13224 ” таҳрим нест . »

Хазона дории Амрико дарбораи табаоти ин иқдом навишта ашхоси амрикоӣ аз ин пас барои анҷоми мубодила бо Ансоруллоҳи Яман, манъ нахоҳанд дошт ، машрӯт бар онки ин мубодилот таомул бо ашхосе ки дар феҳристи таҳримҳо қарор доранд ё фаъолиятҳое ки ба гӯнаи дигар мамнӯъ шудаандро шомил нашавад .

Ал-ОламАмрикоАнсоруллоҳАнсоруллоҳи Яман
Comments (0)
Add Comment