Шароити ногувори 37 бонуи асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ

37 бонуи асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар вазъияти бисёр сахт ва ногувор ба сар мебаранд ва аз ҳаргуна имконот ва ҳуқуқи ибтидоӣ худ дар зиндон маҳрум ҳастанд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Олам”, маркази мутолиоти усарои “Фаластин”, шомгоҳи якшанбе дар гузорише аз вазъияти вахими 37 асири зани фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ парда бардошт .

Ба нақл аз маркази иттилоъ расонии Фаластин, маркази мутолиоти усарои Фаластин дар гузорише эълом кард : 37 бонуи асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими палиди саҳюнистӣ дар вазъияти бисёр сахт ва ногуворе ба сар мебаранд ва аз ҳаргуна имконот ва ҳуқуқи ибтидоӣ худ дар зиндон маҳрум ҳастанд .

Дар ин гузориш омадааст : режими саҳюнистӣ аз соли 1967 то ба имрӯз ҳудуди 16000 бонуи Фаластиниро ба исорат гирифта ва аз оғози интифозаи Ал-Ақсо дар сентябри 2000 токунун 2500 зан ва духтари фаластинӣ асир шудаанд, ки 37 нафар аз онон ҳануз ҳам дар бадтарин вазъияти мумкин дар банди исорат ҳастанд .

Ал-ОламРежими саҳюнистӣФаластини
Comments (0)
Add Comment