Интиқоди шадиди Жириновский аз сиёсатҳои Лукашенко

Роҳбари ЛДПР Владимир Жириновский дар саҳифаи Telegram-каналаш сиёсати Александр Лукашенко, президенти Белорусро интиқод кард.

Владимир Жириновский, роҳбари ҳизби Либерал-демократи Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар он чизеро, ки дар бораи сиёсати Александр Лукашенко, президенти Белорус фикр мекунад, гуфт

Ӯ Лукашенкоро “маҳсули низоми советӣ” номид ва афзуд, ки чун президенти Белорус танҳо котибони кулли Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.

Жириновский гуфтааст: “Бинед, дар баромадҳои 4-соатаи вай чигуна бо чеҳраҳои гирифта менишинанд. Ҳатто ҳангоми роҳбарии Бреженев чеҳраҳои мардум шодтар буд. Инҳо роҳбарони меҳрубон боз”.

Ҳамчунин Жириновский сиёсати бисёрсамтаи Лукашенкоро интиқод кардааст. Ӯ таъкид кардааст ин кори президентро фаҳмида наметавонад.

Жириновский таъкид кардааст, ки дар вазъи ҳозира пулро кишвар аз Русия мепурсад, манфиатҳояшро дар Ғарб рушд медиҳад.

Ҳамчунин шиори президент “Рушд ва истиқлолият” ба роҳбари ЛДПР писанд наомадааст.

Владимир Жириновский, таъкид кардааст: “Мустақилӣ аз кӣ, аз Русия? Ин тавр бошад аз кӯмаки молии Русия даст кашед”.

БелорусВладимир ЖириновскийЛукашенкоРусия
Comments (0)
Add Comment