Низомиёни режими саҳюнистӣ яке дигар аз раҳбарони Ҳамосро боздошт карданд

Артиши режими кӯдаки куши саҳюнистӣ яке дигар аз раҳбарони ҷумбиши "Ҳамосро", дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ боздошт кард .

 

 

“Абдулбасит Ал-Ҳаҷ”, яке аз раҳбарони ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин “Ҳамос”,  дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ аз сӯи низомиёни режими палиди саҳюнистӣ дар шаҳри Ҷинин боздошт шуд .

Бинобар гуфтаи шоҳидони айнӣ, низомиёни режими  саҳюнистӣ ба хонаи Абдулбасит Ал-Ҳаҷ, дар рустои Ҷаломас дар наздикии Ҷинин ҳамла бурда ва пас аз бозрасии манзилиаш вайро дастгир карданд .

“Абдулбасит Ал-Ҳаҷи”, 48 сола, яке аз раҳбарони ҳамосаст, ки дар зиндонҳои режими палиди саҳюнистӣ дар маҷмӯъ 16 сол ба сар барда ва соли гузашта озод шуда буд .

Рӯзи гузашта низ Холид Ал-Ҳаҷ, яке дигар аз раҳбарони «Ҳамос » дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ аз сӯи низомиёни режими  саҳюнистӣ дар шаҳри Ҷинин боздошт шуд .

Ҳануз режими  саҳюнистӣ ё Ҳамос дар мавриди ин мавзӯъ изҳориназре накардаанд .

Каронаи Бохтарии ишғолӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment