Шаҳодати як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи низомиёни режими саҳюнист дар Каронаи Ғарбӣ

Як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи низомиёни режими кӯдак куши саҳюнист дар ҷануби шаҳри "Байтуллаҳм", ба шаҳодат расид.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Қудсул-Арабӣ”, як ҷавони фаластинӣ имрӯз якшанбе ба иддаои талош барои анҷоми як ҳамла бо корд дар наздикии шаҳраке, дар ҷануби “Байтуллаҳм”, ба зарби гулулаи низомиёни палиди саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Вазорати тандурустии  “Ташаккилоти Худгардони Фаластин”, эълом кард, ки аз сӯи анҷумани мадании Фаластин мутталеъ шуда ин ҷавон, ки ҳануз ҳувияти вай мушаххас нест, дар пайи тирандозии ишғолгарон дар ҷануби “Байтуллаҳм”, ба шаҳодат расида аст.

Артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шудааст, ки як ҷавони фаластинӣ дар наздикии шаҳраке дар  “Байтуллаҳм”, қастди ҳамла бо кордро доштааст, ки ин ҳамла хунсо шуда ва омили он низ кушта шуда аст .

Ал-Қудсул-АрабӣБайтуллаҳмКаронаи ҒарбӣФаластин
Comments (0)
Add Comment