Муътаризон муқобили сафорати Арабистон дар Вашингтон таваққуфи ҷанги Яманро Хостор шуданд

Муътаризон бо барпоӣ роҳпаймоӣ бо моширн, муқобили сафорати Арабистон дар Вашингтон , таваққуфи ҷанг алайҳи Яманро хостор шуданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, муътаризон бо барпоӣ  роҳпаймоӣ бо мошин муқобили сафорати Арабистон дар Вашингтон , таваққуфи ҷанг алайҳи Яманро хостор шуданд.

Бар асоси ин гузориш , муътаризон бо барпоӣ ин тазоҳурот рафъи муҳосираи Яман ва расондани кӯмакҳои башардӯстонаи фаврӣ ба ин кишварро хостор шуданд.

Гуфтани аст, ки режими саъудӣ наздик ба 6 сол аст бо ҳимояти Амрико ва ҳамроҳӣ чанд кишвари арабии дигари вобаста ба худ, таҷовуз ба Яманро оғоз карда аст.

Дар тули ин таҷовуз ва ҷанг бар алайҳи мардуми мазлуми Яман, ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар шаҳид ва захмӣ ва хисороти зиёде низ ба зерсохтҳои ин кишвар ворид шуда аст .

Ал-МаёдинАмрикоАрабистонВашингтонЯман
Comments (0)
Add Comment