Байден: Мо дар бӯҳрони иқтисодӣ ва тандурустӣ қарор дорем

Раиси ҷумҳури мунтахабм Амрико гуфт, ки ин кишвар дар як буҳрони иқтисодӣ ва тандурустӣ ба сар мебарад, ки ин масъала миллиёнҳо нафарро гирифтор карда аст ва бояд акнун ҳар чи сареътар иқдом кард.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters“, “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико асри панҷшанбе ба вақти Вашингтон дар суханоне , вазъияти иқтисодӣ ва тандурустии ин кишварро бӯҳронӣ хонд ва гуфт, ки миллиёнҳо Амрикоӣ аз ин бӯҳрон ранҷ мебаранд , лизо бояд фавран иқдом кард.

Байден, дар идома изҳор дошт, ки барои бозгушоии мадориси саросари Иёлоти Муттаҳида бояд ҳар чи сареътар даст ба кор шуд.

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико таъкид кард, ки ваксини коронавирус бояд ҳар чи зӯдтар дар ихтиёри ҳамаи мардуми Амрико қарор бигирад.

Вай дар идома ба ташреҳи тарҳи 1900 миллиард долларии давлати оянда барои муқобила бо шуюъи коронавирус пардохту гуфт : бар асоси ин тарҳ илова ба 600 долларе ки дар тарҳи кӯмаки қаблӣ ба ҳар фард ироа шуд , 1400 доллари дигар низ пардохт ме‌шавад.

Ҷо Байден, эълом кард, ки барномаи давлати ҷадиди Амрико барои муқобила бо буҳрони коронавирус шомили афзоиши ҳаддиақали дастмузд ба 15 доллар дар соат аст .

ReutersАмрикокоронавирустандурустӣҶо Байден
Comments (0)
Add Comment