Инфиҷори бомб дар шарқи Алҷазоир боиси кушта ва захмӣ шудани 8 тан  шуд

Вазорати дифои Алҷазоир эълом кард, ки инфиҷори як бомби даст соз дар шарқи ин кишвар дасти кам 8 кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

 

 

Ба гузориши рӯзномаи “Jerusalem Post“, вазорати дифои Алҷазоир рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, ки бо инфиҷори як бомби даст соз дар шарқи ин кишвар дастикам 5 тан кушта ва 3 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ин баёния омада аст, ки кушта шудагон дар ҳангоми вуқуъи инфиҷор дар устони “Табса“, воқеъ дар 573 километрии пойтахти Алҷазоир савор бар як мошин буданд.

Гуфтани аст, ки пас аз поёни ҷанги дохилии даҳаи 1990 мелодӣ миёни давлати Алҷазоир ва исломгароёни ифротӣ, ки ба кушта шудани дастикам 200 ҳазор тан анҷомид , хушунатҳо дар ин кишвари Африқои шимолӣ ба поинтарин ҳади мумкин расид .

Jerusalem PostАлҷазоирАфриқои шимолӣТабса
Comments (0)
Add Comment