Пирӯзии Содир Ҷабборов дар интихоботи президентии Қирғизистон

Кумисюни марказии интихобот эълон кард, ки 95 дарсади овозҳоро шумурданд ва, бино бар он, Содир Ҷабборови 52-сола, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз сӯи эътирозгарон аз зиндон озод гардид, бо беш аз 79 дарсад раъй пирӯз шудааст.

Номзадҳои дигар аз ним дарсад то тақрибан ҳафт дарсад овоз гирифтаанд ва баъзе аз онҳо бо натиҷаҳо розӣ нестанд. Адахон Мадумаров, ки тақрибан 7 дарсад овоз гирифтааст, натиҷаҳои пешакии интихоботро “дур аз воқеият” донист ва гуфт, қасд дорад бо номзадҳои дигар қадамҳои баъдиро баррасӣ кунад.

Ӯ гуфт: “700 ҳазор овоз ба ҷонибдорӣ аз як нафар боварнокарданист. Ман барои ҳимоят аз ҳаққи худ тазоҳурот намекунам, танҳо бо роҳҳои қонунӣ барои адолат кӯшиш мекунам”.

Абдил Сегизбоев, яке дигар аз номзадҳо ба мансаби президенти Қирғизистон, ки ба иттилои Кумисюни марказии интихобот 1,5 дарсад овоз гирифтааст, гуфт, барои номзадҳо шароити баробар фароҳам набуд.

Вай гуфт: “маъракаи пешазинтихоботӣ як моҳ идома кард ва як тараф тамоми манбаъҳоро истифода кард. Ба кормандони идораҳои давлатӣ фишор оварданд. Ин як. Дувум, атрофиёни Сооронбой Ҷеенбеков дар як рӯз раҳбарони пешини худро “фурӯхта”, ба нирӯе, ки баъди 5-уми октябр ба қудрат расид, хидмат мекунанд. Севум, кӯшиши истифода аз ҷинояткорону бандитҳо сурат гирифтааст.”

Айни замон Равшан Ҷеенбеков, ки ба иттилои расмӣ 0,19 дарсад раъй гирифтааст, бовар дорад, рақамҳои эълоншуда аз сӯйи Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон воқеӣ ҳастанд. Вай ба хабарнигорон илова кард: “Мо натиҷаҳоро воқеӣ қабул мекунем. Баъзе нуктаҳои шубҳаовар ҳастанд, вале дар умум, фикр мекунам, рақамҳо ҳақиқӣ ҳастанд”.

Дар Қирғизистон беш аз севуним миллион кас аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархӯрдоранд, вале дар интихоботи рӯзи якшанбе 1 миллиону 354 ҳазор нафар (каме беш аз 38 дарсади афроди қобили раъй) иштирок кардаанд. Мақомот гуфтанд, эҳтимол сармои шадид боис шудааст, ки мардум камтар ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ бираванд.

Дар ҳоле ки баъзе аз номзадҳо аз натиҷаҳо розӣ нестанд, масъулони Кумисюни марказии интихобот дар бораи дарёфти 60 қонуншиканӣ хабар доданд. Тими интихоботии номзад ба мансаби президент Клара Соорунқулова гуфт, аз Уш дар бораи “харидани овозҳо” иттилоъ гирифтанд, вале маълум нест ин корро тарафдорони кадоме аз довталабон кардаанд.

Гулгааки Мамасолиева, узви тими интихоботии Сооронқулова, гуфт: “иттилоъ гирифтем, ки баъзе аз одамон дар дохили мошинҳо пули нақд додаанд. Сокинони маҳаллӣ шикоят карданд, ки баъзе аз одамон ба онҳо фишор овардаанд. Вақте ба қитъаи интихоботӣ рафтем, онҳо гурехтанд.”

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қирғизистон баъд аз он баргузор шуд, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябри соли 2020 боис ба беназмиҳо шуд ва мақомот зери фишори эътирозгарон натиҷаҳои онро бекор карданд.

Норозиён ҳукуматро барои харидани овозҳо ба тарафдорӣ аз ҳизбҳои наздик ба раиси ҷумҳури вақт Сооронбой Ҷеенбеков муттаҳам карданд. Баъдан Ҷеенбеков ба истеъфо рафт.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расид.

Рӯзи якшанбе дар Қирғизистон назарпурсӣ дар мавриди сохтори идораи ҳукумат низ баргузор шуд. Дар ин маърака 1 миллиону 321 ҳазор кас иштирок карданд. Ба иттилои расмӣ, беш аз 80 дарсади онҳо барои гузаштан ба идораи президентӣ ва тақрибан ёздаҳ дарсад барои ҳифзи низоми порлумонӣ раъй додаанд. Ҳоло дар Қирғизистон низоми порлумонӣ ҷорӣ аст.

интихоботи президентӣҚирғизистонСодир Ҷабборов
Comments (0)
Add Comment