Ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ, 8 Фаластинии дигар боздошт шуданд

Манобеи Фаластинӣ аз ҳамлаи муҷаддади низомиёни режими ишғолгари Қудс ба бархе манотиқи Каронаи Бохтарии ишғолӣ хабар доданд.

 

 

Ба гузориши  расонаҳои фаластинӣ, низомиёни режими ишғолгари Қудс шомгоҳи панҷшанбе ва имрӯз ҷумъа ба манотиқе дар Каронаи Бохтарӣ ҳамлавар шуданд.

Низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба шимоли шарқи Ромуллоҳ , 8 фаластинӣ аз ҷумла “Саид Армӣ”-ро дар манзилаш воқеъ дар “Дайрҷарир” боздошт карданд.

Саид Армӣ, чанд рӯзи пеш дар чандин мусоҳибаи хабарӣ, бар мубориза бо низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ва дифо аз сарзаминаш таъкид карда буд .

Каронаи БохтарӣҚудсРомуллоҳФаластин
Comments (0)
Add Comment