Нақши Қосим Сулаймонӣ дар фурӯпошии ДИИШ (бо меҳварияти Вилояти Хуросон)

Агар нақши таъсиргузори Қосим Сулаймонӣ ва меҳвари муқовимат дар арсаи мубориза бо ДИИШ ва гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ вуҷуд надошт, вазъият дар кишварҳои минтақа, Осиёи Марказӣ ва сарҳадҳои Тоҷикистон беш аз пеш бадтар мешуд ва маълум набуд, ки гурӯҳакҳои терррористӣ ва шохаҳои бархоста аз ҳаракатҳои такфирӣ қаламрави худро то куҷо густариш медоданд.

Муқаддима

Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) бо роҳбарии Абубакр Бағдодӣ, яке аз аъзоёни аршади ал-Қоида дар январи соли 2014 таъсис шуд. Албатта решаи пайдоиши ДИИШ ба солҳои 1999 бозмегардад, аммо иддаои хилофати ҷаҳонӣ аз январи 2014 аз сӯи ин гурӯҳ баён шуд ва ин лаккаи нанги дигаре бар пайдоиши ин гурӯҳи террористӣ аст, ки ҳамзамон бо тасарруфи қисматҳое аз ду кишвари Ироқу Сурия ин иддао матраҳ гардид.

Неруҳои ДИИШ бо оғози ҷангди дохилӣ дар Сурия, аввал ба ин кишвар ҳамла карданд ва сипас Ироқро мавриди ҳамлаи худ қарор доданд ва ниме аз хоки Сурия ва Ироқро ба контроли худ гирифтанд. Бо пешравии рӯзафзуни ДИИШ дар хоки Сурия ва Ироқ, эътилофҳои гуногуне дар ин ду кишвар барои мубориза бо ин гурӯҳи террористӣ ташкил шуд, ки саронҷом ин гурӯҳи террористӣ дар 23 марти 2019 ва чаҳор сол пас аз оғози эълони хилофат дар охирин сангараш, воқеъ дар шарқи Сурия шикаст хӯрд.

Бетардид ҶИЭ яке аз чабҳаҳои муҳими мубориза бо ДИИШ ва гурӯҳакҳои террористӣ аст; замоне, ки ДИИШ пас аз суқути Саддом Ҳусейн қудратро дар минтақа пеши чашмонаш медид ва тасмим гирифт андешаҳои мунҳарифи худро аз роҳҳои қатл, эҷоди ваҳшат, амалиётҳои террористӣ анҷом бидиҳад, ин неруи Қудси Сипоҳ дар дили низоми ҶИЭ буд, ки дар раъси он Қосим Сулаймонӣ дар муқобили гурӯҳҳои террористӣ истодагӣ намуд. Фаъолиятҳои Қосим Сулаймонӣ дар канори муборизони дигари ҷабҳаи муқовимат бар зидди гурӯҳҳои террористӣ сабаб шуд, ки ДИИШ дар Ироқ ва Сурия нобуд гардад ва инчунин андешаи ташкили Вилояти Хуросон то ҳадде решакан гардад. Дар ин навишта дар бораи нақшаи шуми ДИИШ, ташкили “Вилояти Хуросон” ва аҳдофи он, шохаи Аносруллоҳи Тоҷикистон ва нақши он дар ҳаракати ба ном “Вилояти Хуросон” ва нақши Қосим Сулаймонӣ ва ҷабҳаи муқовимат дар фурӯпошии ДИИШ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

1) Вилояти Хуросони ДИИШ; аз чистӣ то ҳастӣ

Вилояти Хуросони ДИИШ, яке аз муҳимтарин ва аз аввалин шохаҳои хориҷ аз марзии ДИИШ аст, ки дар шарқи Афғонистон таъсис дода шудааст. Дар ҳақиқат ин шоха як эътилоф аз фармондеҳони норозии Толибони Афғонистон ва фармондеҳони фирории Таҳрики Толибони Покистон ба раҳбарии Ҳафиз Саидхон аст, ки таъсиси Вилояти Хуросонро дар вилояти Нангарҳор эълон карданд ва аз замони таъсиси худ хунинтарин ҳамлаҳои террористиро анҷом доданд ва ва бо дастгирии тане чанд аз ҳимоятгарону раҳбарони ин шохаи террористӣ ва кушта шудани тане чанд аз раҳбаронаш кам-кам қудрати худро аздастрафта дида ва рӯ ба завол рафт.

Шохаи террористии Хуросон як таҳдиди ҷиддӣ барои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба ҳисоб меояд, ки қариби 100 ҳамлаии террористӣ алайҳи ғайринизомиён дар Афғонистону Покистон анҷом дода ва беш аз 250 даргирӣ ҳам бо неруҳои амниятии ин ду кишвар доштааст ва ин омор нишон аз як таҳдиди ҷиддӣ будани ин шохаи терроритӣ-такфирӣ барои минтақа мебошад.

Бояд таъкид кард, ки ДИИШ пас аз шикаст дар Ироқу Сурия ба дунболи эҳёи дигарбораи худ дар минтақаи ғарби Осиё бо меҳварияти Афғонистон буд ва ин сабаб шуд, ки беш аз 50 ҳазор шебҳинизомӣ дар Афғонистон фаъолияти худро дар қолаби гурӯҳҳо ва шохаҳои гуногун аз ҷумла, Толибон, ал-Қоида, ДИИШ, Шабакаи Ҳаққонӣ огоз кунад. Инчунин заминаҳои шаклгирии дубораи ДИИШ ва ин бор дар ғарби Осиё ва Афғонистон фароҳам омад. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ин бор ба ҷои тарҳи “хилофати исломии Ироқу Шом” ба дунболи “хилофати шарқии Хуросон” буданд. Бо ин ҳисоб неруҳои ДИИШ дар минатқаҳои таҳти нуфузи сиёсии Русия, ба хусус дар Осиёи Марказӣ ҳузур хоҳанд дошт ва ин як барномаи ҷиддӣ аз ҷониби ИМА барои ҳузури ДИИШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷануби шарқӣ барои таҳдиди Русия ба ҳисоб меомад.

Дар харитаи ин “хилофат”, ки дастраси расонаҳои ғарбӣ шуд, ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ва ҳамчунин Афғонистону Покистон, қисматҳои шарқии Эрон, қисматҳои ғарбии мусалмоннишини Чин ва бахше аз Ҳинд ҳамчун қаламрави ба ном “вилояти Хуросон” зикр шудаанд. Дар сохторҳои ин вилояти худхонда, мақомоти асосӣ дар дасти он фармондеҳони Таҳрики Толибони Покистон аст, ки ба ДИИШ байъат кардаанд. Албатта ногуфта намонад, ки бештари амирони кушташудаи “вилояти Хуросон” аз фармондеҳони собиқи Таҳрики Толибони Покистон буданд.

Бовар меравад, ки қисме аз ҷангиёни тоҷикистонӣ дар Афғонистону Покистон, аз ҷумла афроди марбут ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” низ ба ДИИШ байъат карданд ва худро ва ҳамин тавр, Тоҷикистонро бахше аз ин ба ном “вилояти Хуросон” меҳисобиданд. Албатта бино ба қонунҳои Тоҷикистон, ки соли 1991 дар натиҷаи фурӯпошии ИҶШС давлати мустақил шуд, ҳар навъ таҳдид ба истиқлолияти кишвар ҷинояти давлатӣ арзёбӣ мешавад.

2) Ансоруллоҳи Тоҷикистон; бархоста аз дили ал-Қоида

Тоҷикистон, ки бо вуҷуди иддаои мақомот оиди орому босубот буданаш аз ҳамлаҳои террористӣ, дар минтақаи ноором ва дар ҳамсоягии Афғонистон қарор гирифтааст, пас аз иқдомоти такрфирӣ дар сояи Вилояти Хуросон, беш аз ҳар замони дигар ба амнияту субот ниёз дорад.

Солҳои охир шимоли Афғонистон (минтақаҳои ҳаммарз бо мо) якбора ноором шудааст. Ба ин минтақа гурӯҳҳои зиёди тероористӣ роҳ ёфтанд ва ё ба иборати дигар оварда шуданд. Ин гурӯҳҳо: Толибон, ДИИШ, ал-Қоида ва Ансоруллоҳи Тоҷикистон дигар ҳаракатҳое ҳастанд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро бо ҳар роҳу усул ба саффи худ ҷалб месозанд ва худро барои вуруд ба ин кишварҳо омода мекунанд. Шубҳае нест, ки ҳамаи гурӯҳҳои террористии дар боло зикршуда проектҳо ва лоиҳаҳое ҳастанд, ки аз тарафи кишварҳои махсус барои нақшаҳои чандинсола ташкил шудаанд. Ин гурӯҳҳо бесаброна дар интизори фурсате ҳастанд, ки ихтилоф ва бесуботӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд ояду заминаҳо фароҳам гардад, то онҳо барои амалӣ кардани нақшаҳояшон даст ба кор шаванд.

Аммо дар масъалаи гароиши тоҷикон ба шохаҳои гурӯҳҳои террористӣ, Амруидини Табарӣ, маъруф ба Мулло Амриддин, зодаи ноҳияи Нуробод масъулияти шаҳрвандони тоҷик ва Ҷамоати террористии Ансоруллоҳи Тоҷикистон (яке аз шохаҳои ал-Қоида)-ро ба ӯҳда дошт, ки ба сабаби амалиётҳои харобкорона ва террористӣ ва даргирӣ бо неруҳои давлатӣ дар шарқи кишвар байни солҳои 2009 то 2011 Суди олии кишвар вайро муттаҳам кард. Албатта мақомоти тоҷик ӯро дастаке қарор дода буданд барои саркӯби ҲНИТ, аммо аён аст, ки Мулло Амриддин пас аз имзои Созишномаи сулҳ фаъолияти худ дар ҲНИТ-ро қатъ кард ва берун аз хатти ҲНИТ фаъолияти худро идома дод. Бо вуҷуди онки ҲНИТ талош дошт, то хатти инҳирофёфтаи фикрии вайро тасҳеҳ кунад, аммо талошҳои ҲНИТ ва раҳбари фақиди ҳаракати муътадили исломгарои ҲНИТ натиҷабахш набуд ва Мулло Амриддин ба бероҳа рафту ба Покистон кашида шуд.

Нуфузи Мулло Амриддин дар байни Толибону ал-Қоида ҳам ба ҳадде буд, ки ҳатто (баъд аз марги Усома бин Лодин) ба мақоми раҳбарии ал-Қоида номзади ҷойгузини вай пешниҳод шуд. Дар Покистон ҳам гурӯҳҳое, ки ба Тоҷикистон рафту омад доштанд, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, исломиёни Қафқоз, ҳамагӣ тариқи Мулло Амриддин сарпарастии молиявӣ медиданд.

Ҷамоати Ансоруллоҳро дар рӯи коғаз Мулло Абдулло сарварӣ мекард ва он аз гурӯҳҳое иборат аст, ки дар дохили хоки Тоҷикистон фаъолият мекарданд, аммо тамоми онҳо ҷузъе аз масъулиятҳои Мулло Амриддин ҳастанд. Кор ба ҷое расид, ки Мулло Амриддин соли 2009 қаноти тоҷикии “ал-Қоида-Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро ба вуҷуд овард. То мавҷудияти Мулло Абдулло ва дигар сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, чеҳраи Мулло Амриддин, бо вуҷуди аҳамияти байнулмилалӣ доштанаш паси парда қарор дошт ва пас аз фаъолиятҳои террористияш рӯ зад ва саронҷом бар асоси изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2016 ҳангоми як амалиёт дар Афғонистон кушта шуд ва албатта гурӯҳаш ҳам дар феҳристи созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад.

Ба ҳар ҳол ин гурӯҳ қасд дошт як роҳе байни тудравҳои мазҳабӣ дар дохили Афғонистон ва кишварҳое Осиёи Марказӣ ҳамчун Тоҷикистон эҷод намояд. Ҳизби Ансоруллоҳи Тоҷикистон умдатан дар вилоятҳои шимоии Афғонистон амалиёти низомӣ анҷом медод ва талош дошт, ки неруҳои худро дар бахшҳои мухталифи кишвар мустақар созад. Ин гурӯҳ як хабари ҷиддӣ барои Осиёи Марказӣ мебошад, зеро бо созмонҳои бузурги террористӣ робитаи наздик дорад ва ҳадафи онҳо вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва эҷоди нобасомонӣ мебошад.

3) Қосим Сулаймонӣ ва нақши ӯ дар амнияти минтақа ва ОМ

Нақши сардор Сулаймонӣ дар нобудии ДИИШ масъалае набуд, ки дӯсту душман қудрати инкори онро дошта бошад. Шахсияти Сулаймонӣ аз солҳо пеш вақте, ки артиши Ироқ бо тамоми тавону имкононат аз дасти ДИИШ фирор мекард, аммо Сулаймонӣ дар саҳна боқӣ монд, барои тамоми расонаҳои ғарбӣ ва сиёсатмадорони ҷаҳон маълум гашт.

Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ дар амалиётҳо ва иқдомоти низомии худ барои мубориза бо таҷовуз ва терроризми хунини ДИИШ бо хунсардӣ ва андешаи дурусту саҳеҳ амал кард ва ба ҷаҳониён маълум гардонд, ки ҶИЭ аз реша ва тамоман мухолифи ДИИШ ва зидди инчунин афкори пӯчу палид ва шум аст. Он фармондеҳи дини Ислом ба ҳама собит кард, ки Эрон натанҳо ҳимоятгари ДИИШ нест, балки як роҳкори асосӣ барои мутаваққиф кардани иқдомоти зидди инсонии ДИИШ  дар минтақа мебошад.

ДИИШ борҳо дар шиорҳои худ таъкид кардааст, ки қасд дорад дар минтақаи Ховари Миёна ва ғарби Осиё ва ҳамчунин бахшҳое аз Осиёи Марказӣ ва Аврупо як ҳукумати хилофатии бузургро ташкил бидиҳад ва бо афкори террористӣ ва салафигарии худ онро идора кунад. Аммо Қосим Сулаймонӣ ва размандагони меҳвари муқовимат монеъ аз шаклгирии ин ҳукумати хилофат тавассути ДИИШ шудаанд.

Агар муборизаҳои идомадори Қосим Сулаймонӣ бо терроризми такфирӣ набуд, ДИИШ натанҳо дар Ироқ ва Сурия шикастро қабул намекард, балки густариш пайдо мекард ва бар дигар кишварҳои минтақавӣ ҳам сайтара меёфт. Сулаймонӣ бо фармондеҳии қудратмандонаи худ тавонист, ки ки неруҳои ДИИШ-ро мутаваққиф кунад; гурӯҳҳое, ки бо ҳимоятҳои ИМА, Арабистони Садуӣ ва Иморот иқдомоти худро аз Сурия ва Ироқ оғоз карда буданд. Тасмими ДИИШ пас аз сайтара бар Ироқу Сурия номаан кардани Эрон ва эҷоди бесуботӣ дар ин кишвари исломӣ буд, аммо неруҳои муборизи Ислом, аз ҷумла Қосим Сулаймонӣ ба дур аз марзҳои кишвар ба ҷанг бо ин ҳаракати палиду нангин бархостанд ва муваффақ шуданд таҳдиди ДИИШ-ро аз минтақа дур кунанд. Ҳузури Қосим Суалймонӣ дар саҳна, чунон тарсе бар дили ДИИШ ба вуҷуд оварда буд, ки аз як сӯ бо камбуди таҷҳизот барои мақобила бо неруҳои ҳақталабу ҳамроҳони Сулаймонӣ мувоҷеҳ шуда буд ва аз сӯи дигар дар контроли гурӯҳакҳои террористӣ дар марзи Афғонистон бо мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шуда буд ва дар ҳар ду тараф бо шикастро қабул кард.

Яқинан агар касоне ҳамчун Қосим Сулаймонӣ вуҷуд надоштанд, ДИИШ метавонист натанҳо дар кишварҳои исломӣ ноамниҳои худро густариш бидиҳад, балки хатарҳои террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро ҳам . афзоиш пайдо мекард. Яке аз далелҳое, ки то ҳоло ДИИШ ва шохаҳои гуногуни он натавонистаанд ҳоло ҳам дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муваффақ бошанд, ин масъала аст, ки теъдоди бисёре аз неруҳои худро аз даст додаанд ва ҳамчунин бисёре аз амирону мақомоти аввалдараҷаи гурӯҳҳои террористӣ нобуд шудаанд.

Аммо бояд гуфт, ки Осиёи Марказӣ бисёре аз заминаҳои зарурӣ барои ҳузури ДИИШ дар ин минтақаро дар худ ҷой додааст: Тоҷикистон беш аз 1300 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва бо таваҷҷӯҳ ба истиқрор шохаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи марзӣ, ин худ як хатари ҷиддӣ барои Тоҷикистон ва ОМ ба ҳисоб меояд. Осиёи Марказӣ аз замони фурӯпошии абарқудрати шарқ (ИҶШС), ҳоло ҳам камбуди қудратро эҳсос мекунад, ки яке аз паёмадҳои он вуҷуди шароит барои террористпарварӣ дар минтақа аст. Зеро дар қаламрави ОМ суботи сиёсӣ вуҷуд надорад, мизони фасод ва хонадонсолорӣ дар ин минтақа бисёр фаровон аст, фақру бекории густарда ва омори муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои ОМ ҳамеша рӯ ба афзоиш будааст, таблиғи афкори Арабистони Саудӣ барои тарвиҷи фирқаи ваҳҳобият дар минтақа ба шиддат эҳсос мешавад. Инҳо намунаҳое аз бистарҳои омода барои хатарҳои террористӣ дар ОМ аст. Албатта аз Дараи Фарғона ҳам набояд ғофил буд; дашти васеъ бо масоҳати 22000 киллометри мураббаъ, бо ҷамъияти қариби 12 миллионӣ, ки байни се ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон воқеъ шудааст ва яке аз нуқтаҳои муҳим барои ҳар созмони террористӣ аст, ки қасди эҷоди пойгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказиро дорад ва барои коҳиши хатарҳои террористӣ иқдомоти густарда лозим ва зарурӣ мебошад.

Натиҷагирӣ

Меҳвари муқовимат ва ҷабҳаҳои мавҷуд дар он нақши пурранге дар фурӯпошии ДИИШ доштаанд, ки нақши вижаи Қосим Сулаймониро ҳеҷ давлат ё гурӯҳе инкор карда наметавонад. Аммо Осиёи Марказӣ ҳам бо шумули Тоҷикистон бистари ҷиддӣ барои ҳузур ва эҳёи ҷангҷӯёни ДИИШ ба ҳисоб меояд ва ин хатар ҳоло рӯ ба афзоиш аст, аммо ҳузури фармонедҳони ҳақталабу ростин ҳамчун Қосим Сулаймонӣ сабаб шуд, ки ин хатарҳо натанҳо аз нуқтаи оғози шаклгирӣ ва эълони ДИИШ (дар Сурия ва Ироқ) дафъ гардад, балки таъсири ҷиддӣ дар коҳиши иқдомоти террористӣ дар қаламрави ОМ доштааст. Агар нақши асосии Сулаймонӣ ва ёранаш дар ин арса вуҷуд надошт, вазъият дар кишварҳои минтақа, Осиёи Марказӣ, сарҳадҳои Тоҷикистон беш аз пеш вахим мегардид ва маълум набуд, ки гурӯҳакҳои терррористӣ ва шохаҳои бархоста аз ҳаракатҳои такфирӣ қаламрави худро то куҷо густариш медоданд. Равшан аст, ки пас аз шикасту фурӯпошии ДИИШ, бисёре аз кишварҳо талош доштанд, то соҳиби ин имтиёз гарданд, ки нақши асосӣ дар шикасти ДИИШ доштаанд, аммо Қосим Сулаймонӣ ва Эрон яке аз бузургтарин нақшҳоро дошта ва яқинан натиҷаи шаҳодати Сулаймонӣ на манфиат барои як шахсу як давлат будааст, балки ҷони худро фадои суботи осоиши минтақа кардааст ва ин ҳамон роҳе аст, ки пас аз шаҳодати Сулаймонӣ идома пайдо хоҳад кард ва меҳвари муқовимат мисли ҳамеша пойдору қотеъ парчамдори мубориза бо иқдомоти зидди инсонӣ хоҳад буд.

Ал-ҚоидаАмрикоАнсоруллоҳи ТоҷикистонАфғонистонДИИШДоналд ТрампИроқҚосим СулаймонӣМулло АмриддинОсиёи марказӣСурияТоҷикистонҲафиз СаидхонҲНИТ
Comments (0)
Add Comment