Низомиёни режими саҳюнистӣ як Фаластиниро ба шаҳодат расонданд

Як фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ, ба зарби гулулаи низомиёни режими саҳюнистӣ шаҳид шуд.

 

 

Як фаластинӣ дар ҷануби шаҳри “Байтуллаҳм”, воқеъ дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ, ба зарби гулулаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Артиши режими саҳюнистӣ тайи иттилоъияе аз вуқуъи ин ҳодиса дар чаҳорроҳи “Atshion” (Атшион), хабар дода ва эълом кард : фарди мазкӯр қасди ҳамла дошта ва аз сӯи низомиёни ин режими кӯдак куш мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Дар ин баёнияи ишорае ба вазъияти саломатии ин фаластинӣ нашуда аст.

Вазорати тандурустии Фаластин низ бо интишори иттилоъияе изҳор дошт : як шаҳрванди фаластинӣ, ки ҳувияти вай ҳануз шиносоӣ нашуда аст , дар  чаҳорроҳи  Атшион тавассути низомиёни режими кӯдак куши саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

БайтуллаҳмКаронаи Бохтарии ишғолӣсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment