Гиромидошти шаҳид “Сулаймонӣ” ва ҳамразмонаш дар Чин

Маросими гиромидошти сардори шаҳид,  "Қосим Сулаймонӣ" ва ҳамразмонаш бо ҳузури эрониёни муқими Чин баргузор шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ин маросим “Муҳаммади Кишоварззода”, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин дар суханонии худ, бо баёни бархе аз вижагиҳои сардори шаҳид, “Қосим Сулаймонӣ” гуфт : ин шаҳиди воло мақом на танҳо дар умури низомӣ фарди мутахассис ва огоҳ буд балки таҳлилгари бисёр моҳир дар мавзӯъоти мухталиф буд.

Кишоварззода афзуд : вақте шаҳид Сулаймонӣ, дарбораи мавзӯъ ё минтақае таҳлил ироа мекард ҳамеша матолибаш нав, роҳбурдӣ, дақиқ ва роҳгушо буд . Шаҳид, “Қосим Сулаймонӣ”, меҳмони давлат Ироқ буд ва Амрико бо ин иқдоми ноҷавонмардона , қавонин ва муқаррароти байналмилалиро нақз кард.

Аббос Алии Вафоӣ, Мушовири фарҳангии “Ҷумҳурии Исломии Эрон” дар Чин низ дар ин маросим гуфт : шаҳид “Қосим Сулаймонӣ”, ба иллати хадамоти фаровон ба мардуми кишварҳои ситам дида , имрӯз ному ёди ӯ дар азҳони миллатҳои мухталиф зинда хоҳад монад ва роҳи ӯ ҷовидонатар ме‌шавад.

Ҳамчунин дар ин маросим бархе аз ҳамразмони шаҳид “Қосим Сулаймонӣ”, гушаҳое аз зиндагии ин шаҳиди бузургворро ташреҳ карданд .

Қосим СулаймонӣМуҳаммади КишоварззодаЧинҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment