Садҳо муътариз вурудии маҳалли иқомати “Нетанёҳу”-ро бастанд

Садҳо тазоҳуроткунанда дар Қудси ишғолӣ, вурудии пушти маҳалли иқомати нахуст вазири ин режимро бо дархости канорагирии вай ба иттиҳоми фасод бастанд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории саҳюнистии “Jerusalem Post”, садҳо тазоҳуроткунанда дар Қудси ишғолӣ, вурудии пушти маҳалли иқомати “Бенёмин Нетанёҳу”, нахуст вазири ин режимро бастанд.

Бар асоси эъломи ин расонаи саҳюнистӣ , бархе аз тазоҳуроткунандагон машъалҳои шуълавар ҳам дар дастони худ доштанд.

Полус низ то кунун 8 нафарро боздошт карда аст.

Гуфтани аст, ки тазоҳуроти эътирозомез алайҳи “Бенёмин Нетанёҳу”, бо дархости канорагирӣ ба иттиҳоми фасоди вай акнун бисту ҳаштумин ҳафтаи пай дар пай аст, ки анҷом мегирад.

Муътаризон дар ин муддат хостори канорагири Нетанёҳу ба далоили иттиҳомоти фасод ва наҳваи мудирияти муқобила бо ҳамагирии коронавирус ҳастанд .

Jerusalem PostБенёмин НетанёҳукоронавирусҚудси ишғолӣсаҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment