Сарони Русия ва Сурия бар тақвияти муносибот таъкид карданд

Руасои ҷумҳури Русия ва Сурия дар паёмҳои мутақобил ба муносибати фаро расидани соли нави мелодӣ бар тақвияти равобити дуҷониба дар тамоми заминаҳо таъкид карданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия “САНА”, руасои ҷумҳури Русия ва Сурия дар паёмҳои мутақобил ба муносибати фаро расидани соли нави мелодӣ бар тақвияти равобити ду кишвар дар тамоми заминаҳо таъкид карданд.

Бар асоси ин гузориш , “Башор Асад”, раиси ҷумҳури Сурия дар ин паёми соли нави мелодиро ба Путин ва мардуми Русия табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, ки соли нав ҳамроҳ бо муваффақият ва пешрафтҳои бештар барои Русия дар тамоми арсаҳо бошад.

Раисс ҷумҳури Сурия ҳамчунин иброз умедворӣ кард, ки ду кишвар дар соли ҷадид бо талошҳои муштарак ба дастовардҳои бештаре дар хусуси мубориза бо тероризм ва тадовуми тақвияти равобити дуҷониба дар тамоми заминаҳо даст ёбанд.

“Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия ҳам ба навбаи худ бар умедвори нисбат ба барқарории сабот дар саросари Сурия тайи соли оянда таъкид кард.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин бар омодагии кишвараш барои тадовуми нақш офаринӣ барои ҳалу фасли ниҳоӣ буҳрони Сурия ва рафъи мушкилот дар ин хусус ва афзоиши ҳамкориҳои Русия ва Сурия таъкид кард .

Башор АсадВладимир ПутинРусияСАНАСурия
Comments (0)
Add Comment