Чароғи сабзи Эрдуғон барои беҳбуди равобит бо режими саҳюнистӣ

Мушовири раисиҷумҳури Туркия дар изҳороте гуфт, агар Тел Авив моил бошад, Анкара равобити худ бо режими саҳюнистиро иртиқо ме‌диҳад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия чанде пеш ибрози умедворӣ кард, ки Анкара битавонад дар оянда равобити беҳтаре бо режими саҳюнистӣ дошта бошад ва гуфтугӯҳо дар сутӯҳи “иттилоотӣ ва амниятӣ” байни ду тараф идома ёбад. Албатта Эрдуғон сиёсати саҳюнистҳо дар қиболи фаластиниёнро “ғайри қобили қабул” хонда ва онро мавриди интиқод қарор додааст.

Эрдуғон пас аз намози ҷумъа дар Истанбул дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ки Туркия бо бархе аз сарони саҳюнистӣ дар сутӯҳи боло мушкил дорад ва инки агар ин афрод набошанд, равобит “бисёр мутафовит” хоҳад буд.

Эрдуғон гуфт: “Фаластин хатти қирмизи мо аст. Пазируфтани сиёсатҳои Исроил дар қиболи Фаластин барои мо ғайримумкин аст. Иқдомоти бераҳмонаи саҳюнистҳо дар қиболи фаластиниҳо ғайриқобили қабул аст”. Вай афзуд, ки равобити Туркия ва режими саҳюнистӣ метавонад бисёр беҳтар аз ин бошад.

Туркия аввалин кишваре бо аксарияти мусулмон аст, ки режими саҳюнистиро дар соли 1949 ба расмият шинохт. Онҳо то замони ба қудрат расидани Эрдуғон аз равобити гарм ва равобити тиҷории қавӣ бархурдор буданд.

Дар солҳои ахир, Анкара борҳо таҷовузи Исроил ба Каронаи бохтарӣ ва рафтори он бо фаластиниёнро маҳкум кардааст. Туркия барои аввалин бор дар соли 2010 пас аз кушта шудани 10 фаъоли турк бадасти низомиёни исроилӣ, равобити дипломатии худ бо режими саҳюнистиро таълиқ кард. Ин фаъолони ҳуқуқи башар талош дар расондани кумак ва шикастани муҳосираи чандинсолаи дарёии Ғазза доштанд.

Бо ин ҳоли дастёрони Илҳом Алиев иддао карданд, ки Эрдуғон зидди Исроил нест, балкӣ сирфан таҳти таъсири мушовироне қарор гирифтааст, ки дигар ҳеч мансабе надоранд.

Туркия дар соли 2016 муҷаддадан бо режими саҳюнистӣ равобити худро барқарор кард, аммо равобит дар соли 2018 ду бора муташанниҷ шуд. Дар моҳи майи ҳамон сол, Анкара намояндаи худро ба далели ҳамалоти маргбор алайҳи фаластиниён фарохонд. Ин эътирозот дар навори Ғазза ва дар эътироз ба тасмими Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудси ишғолӣ буд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ғолибан дар изҳороти худ бо лаҳне тунд аз якдигар интиқод карда ва ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд, аммо ҳар ду режим ба тиҷорати худ бо якдигар идома медиҳанд.

Туркия ва режими саҳюнистӣ ҳар ду дар пирӯзии ахири Озарбойҷон бар Арманистон дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ нақшофаринӣ карданд ва акнун пас аз чанд ҳафта пас аз эълони оташбас, хабар расида, ки Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дар талош аст, то равобит байни Анкара ва Тел Авивро густариш диҳад.

Изҳороти ахири Эрдуғон ин зеҳниятро эҷод карда, ки Анкара бо моҳияти режими саҳюнистӣ мушкиле надорад ва танҳо муътақид аст, ки агар Тел Авив рафтори беҳтареро бо фаластиниҳо дошта бошад, Туркия ва Исроил метавонанд равобити беҳтаре бо якдигар дошта бошанд. Ҳол онки ҷаҳони Ислом ва на бархе аз ҳокимони арабии хоин, муътақиданд, ки асли режими ишғолгари Қудс машрӯъият надорад ва ҳатто ишғоли як ваҷаб аз хоки Фаластин набояд аз сӯи ҷаҳони Ислом пазируфта шавад.

Баназар мерасад, ки Туркия таҳти раҳбарии Эрдуғон ба як ҷиҳати динӣ барои пешбурди аҳдофи худ дар минтақа ва ҳавзаи Баҳри миёназамин ниёз дорад. Эрдуғон худро таъсиргузортарин шахсияти ҷаҳони Ислом дар ҳавзаи ҷараёни “ихвонӣ” медонад ва ба ҳамин сабаб бояд дар бораи ҳимояти қотеъ аз мардуми Фаластин ва ҳуқуқи онҳо дақиқ бошад. Аммо чархиши мавзеи Туркия дар қиболи Исроил он ҳам ба таври ошкор сенарияе аст, ки бо тавваҷуҳ ба мавориди матраҳ шуда, ба эҳтимолизиёд ва бад-ин тартиб ҷудоии Туркия ва “Ихвонулмуслимин” бар сари забонҳо афтодааст.

АмрикоАнкараАрманистонБенямин НатаняҳуДоналд ТрампИлҳом АлиевИсроилИхвонулмуслиминҚарабоғОзарбойҷонРаҷаб Тайиб ЭрдуғонРежими саҳюнистӣТел-АвивТуркияФаластин
Comments (0)
Add Comment