Нақши шаҳид Сулаймонӣ дар муқобила бо гуруҳҳои терорристӣ ва такфирии ДИИШ

Муқаддима

Сардор шаҳид Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони шахсияти таъсиргузор дар арсаи байналмиллалӣ дар муқобила бо гуруҳаки терорристӣ ва такфирии ДИИШ тасмимҳои таҳсинбарангез гирифта ва дар ниҳоят ин шаҷараи хабисаро, ки тавассути истикбори хунхор ва саҳюнисти кӯдаккуш обёрӣ ва парвариш дода мешуд, қатъ ва дарҳам кӯбид.

Бетардид ҳузури муассири шаҳид Сулаймонӣ дар саҳнаи мубориза бо ДИИШ ва шикасти ин тавтиаи саҳюнистӣ-амрикоӣ дар мантақа, сабаб шуд, ки истикбори ҷаҳонӣ ва Исроили ғосиб бо ҳамкории бархе аз ҳокимони кишварҳои муртаҷеи арабии минтақа тасмим бигиранд, ки вайро ба шаҳодат бирасонанд. Онче ки ин навиша ба дунболи он аст баёни нақши шаҳид Сулаймонӣ дар муқобила бо гуруҳҳои терорристӣ ва такфирӣ ба унвони ғуддаи саратоние, ки мумкин буд ҷаҳонро ноамн созад ва бегуноҳони зиёдеро ба коми марг бифиристанд ҳамонгуна, ки дар муддати кӯтоҳе дар Шом ва Сурия ва Ироқ ҳазорон бегуноҳ чӣ аз кӯдак, навҷавон ва ҷавонро ба шакли дастаҷамъӣ ба қатл расонданд.
Бинобар ин навиштори дар пеши рӯ мехоҳад нақши Сулаймонӣ ва коркардҳо ва раҳовардҳое, ки дар мубориза бо ДИИШ анҷом додааст, ба шакли мухтасар ва муфид ба тасвир бикашад ва аз ин раҳгузар дастҳои пушти пардае, ки ин гуруҳҳоро эҷод ва ҳидоят ва раҳбарӣ ва аз назари моддӣ ва фикрӣ тағзия мекунанд бармало созад, то бошад, ки мусулмонони ҷаҳон нисбат ба фаъолиятҳои шабонарӯзии душманони қасамхурдаи Ислом ошнотар ва аз макру ҳелаи онон бохабартар шаванд. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф аввал хулосае аз зиндагии шаҳид Сулаймонӣ ва фаъолиятҳои сиёсии вай баён мешвад ва дар гомҳои баъдӣ муҳимтарин фаъолиятҳо ва иқдомоти гуруҳҳои терорристӣ ва такфирӣ ва раҳбарон ва коргардонони онҳо муаррифӣ мешавад ва дар поён, иқдомот ва чигунагии муқобила бо ин гуруҳҳо тавассути шаҳид Сулаймонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

  • Зиндагиномаи шаҳид Сулаймонӣ

Шаҳид Сулаймонӣ, фарзанди Ҳасан дар 20 исфанди 1335 ҳ. шамсӣ (11-03-1957) дар шаҳристони Робу аз тавобеи устони Кирмон ба дунё омад. Дар 12 солагӣ пас аз поёни таҳсилоти давраи ибтидоӣ зодгоҳи худро тарк кард ва машғул ба кори сохтмонӣ дар Кирмон шуд. Дар синни 18 солагӣ ба унвони паймонкор дар созмони об машғул ба кор шуд ва дар ҳамон солҳо низ фаъолиятҳои инқилобии худро оғоз кард. Баъд аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 ҳ.шамсӣ дар канори кор дар идораи оби Кирмон ба сурати ифтихорӣ бо Сипоҳи посдорони Кирмон ҳам ҳамкорӣ мекард. Баъд аз онки Саддом Ҳусайн, раисҷумҳури вақти Ироқ бо ҳимоятҳо ва пуштибонии кишварҳои ғарбӣ ба хусус Амрико ва Англис дар соли 1359 ҳ.шамсӣ ба Эрон ҳамла кард, шаҳид Сулаймонӣ бо омӯзиш додан ва басиҷ намудан чандин гурдон ҳамроҳи онҳо ба минтақаҳои ҷануби кишвари Эрон раҳсупор шуд ва дар онҷо бо фармондеҳи сипоҳи Озарбойҷони ғарбӣ бо душмани мутаҷовизи баъсӣ ҷангид.
Баъд аз инки дар соли 1360 ҳ.шамсӣ фармодаҳии типи Сораллоҳро ба ӯҳда гирифт дар амалиёти мухталиф ҳамчун Валфаҷри 8, Карбалои 1, Карбалои 5, Шаламча ва чандин амалиётҳои дигар ширкат ва мувафақиятҳо ва пирӯзиҳои бешумореро касб кард, ки натиҷаи он дарёфти корномаи дурахшон буд.

Баъд аз шикасти нангини Саддом Ҳусейн ва поён ёфтани ҷанги Эрону Ироқ дар соли 1367 ҳ.шамсӣ ба Кирмон бозгашт ва машғули мубориза бо ашрору қочоқчиён шуд, ки аз марзҳои шарқии Эрон ворид мешуданд.

Саранҷом дар соли 1379 ҳ.шамсӣ бо ҳукме аз тарафи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ ба унвони дуввумин фармондеҳи неруи Қудс интихоб гардид ва дар муддати замони масъулияташ тавонист фаъолиятҳои меҳвари муқовиматро тақвияту густариш диҳад, то ҷое, ки бо қарор гирифтан дар канори шаҳид Муғния сабаби нокомии режими саҳюнистӣ аз расидан ба аҳдофи шайтонӣ ва ҳайвонии худ дар хусуси Фаластин ва Лубнон шуд. Баъд аз хадамоти фаровон ва дарстовардҳои бешумор ва мувафақиятҳои таҳсинбарангез ва дар айни ҳол ҳайратбарангез дар соли 1389 ҳ.шамсӣ аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба дараҷаи сарлашкарӣ расид ва саранҷом пас аз умре муҷоҳидати мухлисона ва шуҷоъона дар майдонҳои мубориза бо шаётин ва ашрори олам ба дасти шақитарини башар (Амрико) дар бомдоди рӯзи 03-01-2020 ба ҳамроҳи шаҳид Абумаҳдӣ Муҳандис, ноиби раиси Ҳашдушшаъбӣ, сардор Пурҷаъфарӣ, раиси дафтари шаҳид Сулаймонӣ, шаҳид Ваҳид Замониё ва шаҳид Ҳодӣ Тормӣ ва шаҳид Муҳаммадризо Ҷобирӣ, раиси ташрифоти Ҳашдушшаъбӣ дар пайи ҳамлаи паҳбодӣ неруҳои амрикоӣ тавассути мушакҳои лейзерӣ ба корвони онҳо дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расиданд.

  • Гуруҳҳои терорристӣ ва такфирии ДИИШ

ДИИШ( яъне давлати исломии Ироқ ва Шом) як гуруҳи мусаллаҳи салафӣ-такфирӣ аст, ки дағдағаи бозгардондани хилофати исломӣ ва иҷрои дақиқи шариати исломии давраи Паёмбар(с)-ро шиори худ қарор дода ва дар 15 октиябри 2006 бо эътилофи чанд гуруҳи мусаллаҳи узви ал-Қоида ва бо раҳбарии Абуайюби Мисрӣ ва Абуумари Бағдодӣ дар хоки Ироқ ҳастаи аслии хешро ташкил дод ва сипас доманаи фаъолияти хешро дар мантақа дар муддатзамони кутоҳ густариш ва хоки Ироқ ва Сурияро ба унвони мақар ва пойгоҳи стратегия ва террористии худ интихб кард.

Дар иртибот бо сохтор, ташкилот ва аъзои гуруҳи ДИИШ бар асоси иттилоот ва ҳақиқатҳои мавҷуд, бояд гуфт, ки ҷангҷӯёни ин гуруҳ аксаран аз бозмондагони артиши собиқи Ироқ аз ҷумла фидоиёни Саддом Ҳусейн ва Ҷайшулқудс буданд, ҳар чанд, ки навъи ҷалбу ҷазб ва шиорҳое, ки медоданд ба гунае буд, ки аз тамомии миллиятҳо аз Ховари Миёна гирифта то шимоли Африко ва кишварҳои ғарбӣ ба узвияти он даромадаанд ва ҷамъияти қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавонони фиребхурдаи мусулмонро ташкил доданд.

Нуктаи дигаре, ки лозим аст қабл аз фаъолиятҳои мухарриби ин гуруҳҳо тавзеҳ дода шавад, масъалаи таъмини манбаъҳои молии онҳо аст. Тибқи таҳқиқоти созмони Financial Action Task Force, ки дар соли 2015 анҷом додааст ва ба иловаи таъйиди дигар манбаъҳои мавриди эътимо, манбаъҳои молии ин гуруҳ аз ишғоли сарзаминҳо ва фурӯши захоири нефту газ, гирифтани молиёт, гаравгонгирӣ, ҳимоятҳои молӣ ва таҷҳизоте, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ фароҳам месохтанд ва аз ҳама муҳимтар дарёфти сармоя аз тариқи шабакаҳои иртиботии мудерн ва… будааст.

Равшан аст, ки фурӯши нефти хом ва маҳсулоти петрушимӣ, боҷгирӣ ва молиёт аз мантақаҳои таҳти сайтара, сармояҳои азимеро барои ин шаҷараи малъуна ба ҳамроҳ доштааст, ки бар асоси иттилооти Вазорати хазонадории Амрико, беш аз 100 миллион долар фақат дар соли 2014 нефти хом ва маҳсулоти петрушимӣ ба воситаҳо фурӯхтаанд. Албатта дар канори инҳо аз ҳамла ба бонкҳо ва ғорату фурӯши атиқа ва дарёфти ҷизя аз масеҳиён ва… баҳра ҷӯстаанд.

Гуруҳҳои терорристӣ ва такфирии ДИИШ бо гирифтани вазифаи шабакаи хушунати ҷаҳонӣ аз ал-Қоида ва иртикоби ҷиноятҳои ба маротиб тарсноктар аз он, коргоҳи тавлиди исломҳаросиро роҳандозӣ кардаанд. Ин гуруҳ баъд аз ба ҳалокат расидани Абаайюби Мисрӣ ва Абуумари Бағдодӣ дар 18 апрели 2010 бо раҳбарии Абубарки Бағдодӣ дар авохири соли 2011, ки шуришҳо алайҳи давлати Башор Асад дар Сурия шиддат гирифт ва Ҷабҳатуннусра, ки шохае аз гуруҳи ал-Қоида дар он кишвар ба қудрати нисбӣ расида буд, фаъолиятҳои хешро дар масоили Сурия ҳам оғоз кард ва масъулияти бархе аз амалиётҳоро бар ӯҳда гирифт, то онки дар 9 апрели 2013 Абубакри Бағдодӣ дар паёми савтӣ дар шабакаи исломии “Шамух” эълон кард, ки гуруҳи Ҷабҳатуннусра ба унвони шохае аз давлати ироқи ислолмӣ ба ин гуруҳ пайвата ва фаъолияти онҳо таҳти фармони давлати исломии Ироқу Шом ҳидоят ва раҳбарӣ мешавад. Бинобар ин бақияи гуруҳҳо муваззаф ба итоат ва пайравӣ аз он ҳастанд. Илова бар ёргирии ДИИШ дар хориҷ аз Ироқ зиндониёне, ки дар соли 2013 аз зиндони Абуғурайби Ироқ, ки наздик ба 1000 нафар ва ағлаб ҳам аз “тарафтдорони Саддом Ҳусейн” буданд, ба ин гуруҳи такфирӣ ва терорристӣ пайвастанд ва маъмуриятҳои омӯзишӣ ва фикрии онҳоро ба ӯҳда гирифтанд ва ин худ сабаби тақвият ва густариши бештари ин гуруҳи зидди башарӣ гардид. Инки чаро ва чигуна ва ба дасти чӣ касоне дарвозаи зиндони Абуғурайб бо вуҷуди ҳифозати боло боз шуд масъалаи дигаре аст, ки хориҷ аз мавзӯи ин нвиштор аст.

Гуруҳи терорристӣ ва такфирии ДИИШ бо истифода аз вазъияти равонии ҷомеа ва хезиши мардумӣ алайҳи Амрико ва фадоиёни Саддом Ҳусейн, тавонист дар моҳи июни 2014 бо ҳамкории артиши Ироқ Мавсилро таҳти кантроли худ даровард ва пас аз шарҳои Фалуҷа ва Тикрит ва устони Дияларо тасарруф кард, инки чигуна як гуруҳи терорристӣ муҳимтарин шаҳрҳо бо таҷҳизоти низомӣ ва…ро ба ин роҳатӣ таҳти сайтараи худ даровард оё бедуни имконот ва авомили нуфузӣ ва дасти бартар ва роҳнамоиҳои бегонагон ва созмонҳои иттилоотии истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнисти байналмилалӣ ва… имконпазир аст? Ва  ин ниёзманди тааммул ва андеша аст.

ДИИШ бо истифода аз хашми мардум ва афсарони Саддом Ҳусейн ва омӯзишҳои низомӣ, қаламрави хешро густариш бахшид ва дар 29 июни 2014 дар Ироқ аз ташкили давлати “Хилофати исломӣ” хабар дод ва Абубакри Бағдодиро халифаи мусулмонони ҷаҳон эълон кард ва ин хабар дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби густарда ёфт.

Дар ноябири соли 2014 Абубакри Бағдодӣ ба шиддат захмӣ шуд ва идораи умури ин гуруҳи терорристӣ ба дасти Абумуҳаммади Аднонӣ ва Абумуслими Туркамонӣ супорида шуд, аммо Туркамонӣ ба унвони масъули лоҷестикӣ ва ҷобаҷоии неруҳо ва таҷҳизот ва ҳамчунин тарроҳи амалиёти ишғоли шаҳрҳои Мавсил ва Тикрит дар моҳи августи соли 2016 дар шаҳри Мавсил кушта шуд. Аднонӣ, ки ба унвони мағзи мутафаккири шӯрои раҳбарии ДИИШ шинохта мешуд, дар авгути соли 2016 ба ҳалокат расид. Пас аз марги Аднонӣ ва Туркамонӣ давраи уфул ва измеҳлол ва заволи ин гуруҳи терорристӣ ва зидди башарӣ оғоз шуд ва саранҷом бо марги Абубакри Бағдодӣ дар соли 2017 фаъолиятҳои ин гуруҳи терорристӣ ва такфирӣ дар сарзаминҳои Шому Ироқ ба поён расид.

  • Ҷиноятҳои гуруҳҳои терорристӣ ва такфирии ДИИШ

Гуруҳи терорристӣ ва такфирии ДИИШ аз ҳамон аввали зуҳури худ ҷиноятҳои ваҳшатноке дар саросари ҷаҳон ба хусус дар Сурия ва Ироқ муртакиб шуд, ки ба бархи аз онҳо ба шакли хулоса ишора мегардад.

Ваҳшигарӣ ва даррандахӯии онҳо ҳамзамон бо сайтара бар устони Мавсили Ироқ дар соли 2014 оғоз ва дар соири миктақаҳои таҳти амрашон ба намоиш гузошта шуд. Дар филмҳо ва тасовире, ки худи ин гуруҳ гирифта ва нашр сохтаанд, дида мешавад, ки ҳазорон донишҷӯи донишкадаи неруи ҳавоии Ироқро, ки дар пойгоҳи ҳавоии Спайкер дар Тикрит будан, ба шакли дилхарош сар буриданд ва ҳамчунин бо иқдом ба эъдомҳои дастаҷамъӣ ва андохтани ҷасадҳо дар диҷла ва ё қабрҳои дастаҷамъӣ пардохтаанд.

Аз ҷумла ҷиноятҳои ваҳшатнок ва зидди башарии онҳо қатлҳои оммавӣ буд, ки муртакиб шуданд. Ба унвони намуна қатли омм дар қабилаи Шаъитот дар ҳумаи Дайруззур, ки аносири палиди такфирии ДИИШ садҳо нафар аз ҷавонони ин қабиларо ба биёбон бурда ва онҳоро ба сурати дастаҷамъӣ тирборон карданд.

Баъд аз истиқрори нисбӣ ва густариши доманаи фаъолиятҳо, ҷиноятҳояшон низ дар Мавсил манъ нашуда ва пас аз инки теъдоде аз масеҳиёни ин шаҳрро куштанд бисёре аз онҳо яъне ҳудуди 4000 ҳазор нафарро овора ва саргардон намуданд ва дар идома навбат ба изадиҳо расид, ки мардҳояшон аз тарс ба кӯҳҳо фирор карданд ва занону кӯдакҳояшон асир шуда ва ба бардагӣ даромаданд, ки иддаеро куштанд ва иддае дигареро ба унвони барда фурӯхтанд ва ҷамъи дигареро низ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор доданд ва кӯдакони зери 13 солро омӯзишҳои терорристӣ медоданд, ки дар вақтҳои мавриди ниёз аз онҳо ба унвони сипари инсонӣ истифода кунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба абзори наве, ки ҷиҳати иҷоди руъбу шиканҷа ва эъдом дар ихтиёр қарор доштанд, кушторҳои ношинохтае анҷом доданд, ки то ҳол дар таърихи башарият собиқа надоштааст. Сар буридан осонтарин ва маъруфтарин равише буд, ки ин гуруҳи терорристӣ анҷом медод ва худашон низ шиор медоданд, ки “Мо омадаем, то сар бубурем” пас намунаи боризи ин ҷиноятро дар буридани сари мисриён дар Либӣ аст, ки аз тариқи филми худашон интишор додаанд.

Аз дигар шеваҳои муҷозоти ин аносири хабис сӯзондан ва партобкунандаҳои мушакӣ ба тарафи асирон буд, ки бо гирифтани филм аз саҳнаҳои ин ҷиноятҳои ғайри инсонӣ ба интишори он мепардохтанд ва низ гардани гурӯҳи аз гаравгонҳоро ба як сими инфиҷорӣ мебастанд ва мунфаҷир месохтанд ва ё инки онҳоро дар дохили як қафас дар басени об ғарқ мекарданд, то душманони худро битарсонанд. Албатта доманаи ин ҷиноятҳо мунҳасир ба Ироқу Сурия набуд, балки дар дигар кишварҳо низ агар мавқеият пайдо мекарданд, чунин ҷинояҳоеро анҷом медодан. Ҳамон тавре, ки ду гостиниса дар рӯзи иди Пок дар Шари-ланкаро инфиҷор доданд, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 320 нафар шуд ва ё амалиёти терорристие, ки дар Порис, Эрон, Русия, Афғонистон ва…анҷом доданд.

Лозим ба зик аст, ки ҷиноятҳои ваҳшатноки зидди башариятии ДИИШ маҳдуд ба салиб кашидани мардуми бегуноҳ, гардан задани онҳо ва овезон кардани ҷасадҳо аз пушти бомҳо набуд, балки ба тахрибу вайрон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ монанди тандисҳо, маъбадҳо биноҳои мазҳабӣ, бостонӣ ва ҳарами ҳазрати Юнус(а) ва ҳазрати Шайс(а) ва масҷиди ҷомеи Умавӣ ва… низ иқдом карданд ва аз ин манзар хисоратҳои ҷуброннопазире дар ҳаққи миллат ва мамлакати Ироқу Сурия анҷом доданд. Созмони Юнеско баъд аз вайрон кардани бахше аз саҳнаи намоиши театри Руми Бостон тавассути аносири такфирии ДИИШ онро хисорати бузурге барои миллати Сурия ва тамоми башарият донист.

Онче, ки зикр шуд фақат бахше аз ҷиноятҳои ваҳшиёна ва зидди инсонии ДИИШ буд, ки аз филмҳо ва тасвирҳо ва гузоришҳои худи ин гуруҳи терорристӣ интишор сохта буд ба даст омадааст. Аз ин рӯ метавон натиҷа гирифт, ки ҷиноятҳои ДИИШ кулли башариятро нишона гирифта буд, чун на мероси фарҳангӣ ва на сармояҳои неруи инсонӣ ва на кӯдакону занон ва на ба соири мазоҳиби исломӣ чӣ аз шиа ва суннӣ ҳеч раҳме намекарданд ва ҳар касе, ки мухолифи ақида ва боварҳои зидди инсониашон буд ба бадтарин шакли мумкин аз байн мебурданд, ки самара ва бароянди он тахриб ва аз байн бурдани сармояҳои миллии кишвар ва аз байн бурдани манобеи молӣ ва ғорати амволи мардум ва рехтани хуни садҳо ҳазор бегуноҳ ва оворагию муҳоҷират ва паноҳандагии бахши қобили таваҷҷуҳи аз мардум ва … шуд.

  • Нақши шаҳид Сулаймонӣ дар муқобила ва фурупошии хилофати худхондаи ДИИШ

Бо пешравии густардаи ДИИШ дар соли 2011 дар Ироқу Сурия ва куштори бераҳмонаи мардум ва вайрон кардани маконҳои мазҳабӣ, мероси фарҳангӣ ва осори бостонӣ ва ғорати молу амволи мардум ва… набуди тавоноии лозим давлати Ироқ ва Сурия дар муқобила бо онҳо, то онҷое ки ба гуфтаи бисёре аз фармондеҳони низомӣ, ДИИШ то пушти дарвозаҳои кохи раёсатҷумҳарии Сурия расида буд ва ҳеч кас фикр намекард, ки ДИИШ дигар шикаст бихурад ва ишғоли шаҳрҳо яке пас аз дигар занги хатари ҷиддӣ суқути давлати Ироқу Сурияро ба садо даровард ва онҳо барои ҳалли буҳрони бавуҷудомада аз Эрон дархост намуданд, ки дар муқобила бо ин аносири палид, ваҳшӣ ва мунҷамиди фикрӣ кумакашон кунанд ва Эрон ҳам бо таваҷҷуҳ ба инки ҷанг дар Ироқ ва Сурия мутафовит аз эътирозот ва даргириҳои кишварҳои Либӣ, Миср, Тунис, Яман, Баҳрайн ва… аст чун дар он кишварҳо мардуми худашон ҳокимонро намехостанд ва дар воқеъ мутолиба ва хостаи ҳақ доштанд  Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз амалкарди мардум ҳимоят кард. Аммо дар қазияи Ироқу Сурия ин мардум набуданд, ки қиём кунанд, балки гуруҳҳои терорристии такфирӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ҳимояту пуштибонии густардаи истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнисми байналмилалӣ ва ҳокимони соддалавҳ ва фиребхурдаи минтақа буданд, ки мехостанд қаламрави хилофати пӯшолии хешро густариш ва ҳадафҳои шуми истикбори ҷаҳониро амалиётӣ созанд. Аз ин рӯ ҶИЭ бо таваҷҷуҳ ба инки мардуми Сурия аз Башор Асад ҳимояти чашмгир доранд ва Башор Асад низ ҳамвора дар канори муқовимат буда ва аз мардуми мазлуми Фаластин ҳимоят ва пуштибонӣ карда ва дар заминаи иқтисодӣ низ амалкарди равшане дорад, ба дархости онон посухи мусбат дод.

Зимни инки таҳдиди гуруҳи терорристӣ ва такфирии ДИИШ, ки яқинан ҷузъи шаётин ва ашрори олам буданд, танҳо мутаваҷҷеҳи давлати Ироқу сурия набуд ва чӣ басо агар дар онҷо қудратро дар даст мегирифтанд, билофосида ба Эрон ҳамла мекарданд ҳамонгуна, ки дар шуъорҳояшонборҳо ба “Вилояти Хуросон” ишора ва ҶИЭ-ро таҳдид мекарданд ва ба сурати гуруҳӣ борҳо вориди марзҳо ва ҳамлаҳоеро низ анҷом доданд, ки намунаи ошкори он ҳамла ба сохтмони Маҷлиси Эрон ва марқади Имом Хумайниро метавон ном бурд.

Бинобар ин метавон гуфт муҳимтарин далелҳои истодагии Эрон дар баробари ДИИШ иборатанд аз: таъмини амнияти дарунзо, дифоъ аз ҳарами хонадони Расули акрам(с), пешгирӣ аз иқдомҳои терорристӣ дар дохили Эрон, таъмини амнияти зоирони атаботи оилиёт дар Ироқу Сурия, кумак ба мардуми Ироқу Сурия бо хости расмии онҳо, пешгирӣ аз ривоҷи тоъуни тафаккури такфирӣ ва ваҳшигарии ДИИШ, ҷилавгирӣ аз таъсиси ҳукумати хилофати терорристии ДИИШ дар Ғарби Осиё.

Бинобар ин баъд аз дарёфти паёғоми кумак, сипоҳи Қудси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои ҳакимонаи раҳбарашон ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ маъмурият ёфтанд, ки ҷиҳати хунсосозӣ ва муқобила бо ин гуруҳи терорристӣ иқдомоти лозимро анҷом бидиҳанд.

Масъулияти ин амалиёти муҳим ба ӯҳдаи шаҳид Қосим Сулаймонӣ гузошта шуд ва ишон низ бо басирату дирояти камназире, ки дошт дар нахустин иқдом бо давлати Ироқу Сурия ба гуфтугӯ нишаст ва бо машваратдеҳиҳои ҳамкимона ва роҳнамоиҳои созанда парда аз ҳақиқатҳои пинҳон ва нақшаҳои шуми душмани мутаҷовиз бардошт ва ангизаҳои лозимро ҷиҳати муқобила ва мубориза бо ин аносири муздур ва дастпарвардаи истикбори ҷаҳонӣ дар онон эҷод намуд ва холисона ҷиҳати ҳамкориҳои лозим, эълони омодагӣ намуда вориди майдон шуд ва ҷиҳати ғалаба ва шикасти душман, то буну дандон мусаллаҳ, меҳвари муқовиматро бо неруҳои монанди Ҷумбиши Нуҷабо ва Катоиб ва Ҳизбуллоҳ ва ҳамчунин Ҳашдушшаъбӣ дар Ироқ ва гуруҳҳои назири басиҷи мардумӣ ва мудофеони ҳарам аз Эрон ва типи Фотимиюн аз Афғонистон ва типи Зайнабиюн аз Покистонро ташкил ва аз тариқи таҳррезӣ ва ҳидояти амалиёти размӣ, муҷоҳидон бо тамоми тавон дар муқобили аносири палиди ДИИШ истод ва ба мубориза пардохт ва бо вуҷуди ҳамлаҳои мукаррари Исроил ба пойгоҳҳои ҷабҳаи муқовимати Ҳизбуллоҳ дар Сурия ва ҳамлаи Амрико ба неруҳо Ҳашдушшаъбӣ дар Ироқ, ки ҳикоят аз пуштибонӣ ва хашми амрикоиҳо  ва режими ишғолгари Қудс дошт, тавонист ба хубӣ аз меҳвари муқовимат дифоъ кунад ва пирӯзи бирасад.

Муҳимтарин далели пирӯзии ин шаҳиди бузурги Ислом истифода аз зарфиятҳои эътиқодӣ, идеология ва сиёсии неруҳои шиа, суннӣ ва алавӣ, масеҳӣ, араб, афғон, эронӣ, покстонӣ, сурию ироқӣ, дар муқобила бо ДИИШ, ки намояндагии ҷараёни ибрӣ-арабӣ-ғарбиро ба ӯҳда доштанд будааст. Албатта дар канори тадбир ва дироят ва мудирият аз ахлоқи паёмбаргунае низ бархурдор буда ва ҳамеша дар саҳнаи набард ҳозир ва бо ин шева меҳвари муқовиматро ҳувияти фароқавмӣ ва мазҳабӣ дод. Бинобар ин тавонист баъд аз чандин сол мубориза бо ин гуруҳаки гумроҳ ва мухарриб, дар паёме поёни сайтараи шаҷараи хабисаи ДИИШ аз тамомии мантақаҳои таҳти ишғоли худро эълон карда ва омили аслии нобудии онҳоро дар раҳбарии ҳакимонаи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ва пойдории миллат, давлат, артиш ва неруҳои мардумии Ироқу Сурия ва муҷоҳидон ва шаҳидони мудофиони ҳарам аз дигар кишварҳои исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат баён кунад ва ин ваъдаи содиқе буд, ки ба вуқуъ пайваст.

 

Абумаҳдӣ МуҳандисАмрикоБашор АсадГенерал Қосим СулаймонӣДИИШИроқИсроилҚудсСурияФаластиншаҳид
Comments (0)
Add Comment