Бар асари тирандозӣ дар пойтахти ҷумҳурии Чичен 3 нафар кушта шуданд

Бар асари вуқуъи як ҳамлаи террористӣ дар пойтахти ҷумҳурии Чичен ва тирандозии мутаъоқиби он , 3 нафар аз ҷумла 2 маъмури полис кушта шуданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Sputnik” , бар асари вуқуъи як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри “Грозный”, пойтахти ҷумҳурии Чичен ва тирандозии мутаъоқиби он , 3 нафар кушта шуданд.

Хабаргузории “Sputnik” , ба нақл аз хабаргузории “Interfax”, дар ин бора эълом кард, ки 2 террорист бо силоҳи сарди корд имрӯз душанбе қасд доштанд таслеҳоти ҳамроҳи афсарони полисро ба сирқат бибаранд, ки даргирӣ оғоз шуд.

Дар ҷараёни табодули оташ миёни террористҳо ва полис , ду маъмури полис ва яке аз муҳоҷимон кушта шуданд.

Моҳияти зорибони ин ҳодиса ҳануз мушаххас нест ؛ аммо полис аз оғози таҳқиқот дар ин замина хабар дод .

InterfaxSputnikГрозныйЧичен
Comments (0)
Add Comment