Ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба бемористоне дар Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни режими кӯдак куши саҳюнистӣ, бо ҳамла ба бемористоне дар Ромуллоҳи Каронаи Бохтарӣ як зани ҳомила ва яке аз коркунони бемористонро захмӣ карданд.

 

 

Вазири беҳдошти Фаластин имрӯз бо интишори гузорише эълом кард : низомиёни режими кӯдак куши саҳюнистӣ, бомдоди имрӯз бо истифода аз гулула ва гази ашковар ба бемористони Ромуллоҳ ҳамала бурданд.

Ӯ афзуд : дар ин ҳамла як зани ҳомила ва яке аз коркунон захмӣ ва чандин нафар аз ҷумла кӯдакон ва беморон бар асари танаффуси гази ашковар дучори нафастангӣ шуданд.

Ӯ ҳамчунин гуфт : истифода аз тир ва бомби савтӣ ҳамчунин боиси ваҳшати даҳҳо нафар аз кӯдакон ва модарон дар бемористон шуда аст . Мо ин ҳамалотро шадидан маҳкум ме‌кунем.

Ин дар ҳоле аст, ки вазорати тандурустии Фаластин дируз эълом кард, ки дар ҳамалоти ҷангандаҳои саҳюнистҳо ба Навори Ғазза ба бемористони кӯдакони “Аддура”, ва бархе хонаҳо дар маҳаллаи Тафаҳи шаҳри Ғазза осеб ворид шуда аст.

Ҷангандаҳои артиши режими Исроил рӯзи гузашта мавозиъи гурӯҳҳои фаластинӣ дар Навори Ғаззаро чандин бор ҳадаф қарор доданд .

Каронаи БохтарӣНавори ҒаззаРежими ИсроилРомуллоҳсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment