4 террористи “ДИИШ”  дар ҷумҳурии Доғистон боздошт шуданд

Созмони амнияти федерали Русия аз боздошти 4 ДИИШ-ӣ дар ҷумҳурии Доғистон пеш аз иқдом ба амалиёти террористӣ хабар дод.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Deutsche Welle”, созмони амнияти федерали Русия (FSB) имрӯз шанбе бо интишори баёнияе эълом кард, ки муваффақ ба кашфу хунсо созии тавтеаи як гуруҳаки террористии вобаста ба ДИИШ дар ҷумҳурии Доғистон шуда аст.

Дар баёнияи содира аз сӯи созмони амнияти федерали Русия дар ин бора омада аст : дар ҷараёни ин рӯйдод , 4 нафар боздошт шуда ва мақодири зиёде таслиҳот , муҳимот ва маводди мунфаҷира аз ин афрод кашфу забт шуда аст.

Баёнияи мазкӯр дар идома меафзояд : аъзои ин гурӯҳ дар назар доштанд , дар муҷовирати яке аз сохтумонҳои идороти давлатии мутаъаллиқ ба нерӯҳои амниятӣ маводи инфиҷориро мунфаҷир кунанд ва сипас ба коркунони вазорати кишвар дар “Махачкала” ( Makhachkala ) маркази Доғистон ҳамлаи мусаллаҳонаеро ба анҷом бирасонанд.

Гуфтани аст , ҳафдаҳуми декабр нерӯҳои полиси ҷумҳурии Доғистон, ки наздики Чичен воқеъ шуда аст , ҳадафи ҳамлаи террористҳои мусаллаҳ қарор гирифтанд . Дар ин ҳамла ду муҳоҷим кушта шуданд . 4 террористи ДИИШӣ дар ҷумҳурии Доғистон боздошт шуданд.

 

ДИИШДоғистонМахачкалаРусияфедерали РусияЧичен
Comments (0)
Add Comment