Размоиши низомии гурӯҳҳои муқовимати Фаластин барои аввалин бор

Палатаи муштараки гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз анҷоми размоиши низомии муштараки размандагони фаластинӣ, ки барои аввалин бор анҷом мешавад , хабар дод.

 

 

Ба гузориши шабакаи “Ал-Маёдин“, шохаи низомии гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз қасди худ барои анҷоми размоиши низомии муштарак барои аввалин бор хабар доданд.

Палатаи  муштараки гурӯҳҳои муқовимати Фаластин эълом карданд : ин размоиши низомӣ дар ростои тақвияти ҳамкории иоқдоми муштарак миёни гурӯҳҳои муқовимат анҷом мешавад . Ин размоиш намоёнгари талошҳо барои анҷоми омодагии размӣ ба шакли доим ва мустамар ва нишонаи омодагии ҷангии мо аст.

Дар баёнияи Палатаи  муштараки гурӯҳҳои фаластинӣ баён шуда аст : ҷузъиёти размоиши низомӣ ва замони онро бар асоси баровардҳои майдонӣ эълом хоҳем кард .

Ал-Маёдинмуқовимати Фаластинразмоиши низомӣФаластин
Comments (0)
Add Comment