Шикоят аз режими саҳюнистӣ дар пайи ҳадаф гирифтани рӯзноманигорони Фаластинӣ

Дар пайи ҳадаф гирифтани рӯзноманигорони Фаластинӣ ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ , Федератсияи байналмилалӣ рӯзноманигорон ва иттиҳодияи рӯзноманигорони Фаластинӣ ду шикоят ба Созмони милал таҳвил доданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ , Федератсияи байналмилалӣ рӯзноманигорон ва иттиҳодияи рӯзноманигорони фаластинӣ ду шикоят алайҳи режими саҳюнистӣ ба Созмони милал ироа карданд.

Ба асоси гузориши хабаргузории “Вафо”, ду ниҳоди зикр шуда дар шикояти худ унвон карданд , ҳадаф гирифтани созмондаҳи шудаи рӯзноманигорони фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнистӣ ва адами муҳокимаи муттаҳамон , нақзи озодии баён ва низ нақзи ошкори қонуни байналмилалӣ аст ва ин иқдом « ҷинояти ҷангӣ » ба шумор меравад.

Танзимкунандагони шикоятҳои мазкӯр хостори таҳқиқ дарбораи қазияи рӯзноманигори фаластинӣ “Маоз Аморана”, ки дар соли 2019 чашми худро бар асари исобати гулулаи низомиёни саҳюнистӣ аз даст дод , шаҳодати “Аҳмад Абуҳусейн” ва “Ёсир Мортажи”, дар соли 2018 ва низ маҷрӯҳ шудани “Назол Аштия”, дар соли 2015 шуданд.

Дар ин гузориш омадааст , иттиҳодияи рӯзноманигорони фаластинӣ дар соли 2019, 760 таъарруз алайҳи рӯзноманигорон дар арозии фаластинӣ сабт карда аст .

Режими саҳюнистӣФаластини
Comments (0)
Add Comment