Бесарусомонӣ ва нооромӣ дар Париж

Тазоҳурот алайҳи хушунати полиси Фаронса барои дувумин шанбеи паёпай ба нооромӣ ва бесарусомонӣ  кашида шудааст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, муътаризон ба тасвиби як лоиҳаи амниятӣ эътироз доранд ва имрӯз ҳам дар хиёбонҳои Париж роҳпаймоӣ  карданд.

Шанбе ҳафтаи гузашта низ тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Фаронсавӣ, ки дар эътироз ба тасвиби лоиҳаи « қонуни ҷомеи амниятӣ » дар хиёбонҳои марказии Париж таҷаммуъ карда буданд , бо дахолати полис ба хушунат кашида шуд.

Бар асоси қонуни ҷомеи амниятӣ , интишори тасовири нерӯҳои полис тавассути расонаҳо мамнӯъ хоҳад шуд ва ба гуфтаи мухолифони ин қонун , мамнӯъияти интишори тасовири полис дар расонаҳо боиси афзоиши хушунати полис дар сукути хабарӣ мешавад .

ПарижроҳпаймоӣФаронсаэътироз
Comments (0)
Add Comment