Мадуро: Муҳосираи мардуми Ғазза бояд бардошта шавад

Раиси ҷумҳури Венесуэла таъкид кард муҳосираи навори Ғазза, ки аз соли 2006 то ба имрӯз идома дорад , бояд бардошта шавад.

 

 

Ба гузориши маркази итилоъ расонии Фаластин , “Николас Мадуро”, раиси ҷумҳури Венесуэла дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин тасреҳ кард, ки дар ин рӯз , мо ба ин миллат, ки бо шуҷоат ва диловарӣ ба муқовимат ва мубориза идома медиҳанд , дурӯд мефирстем.

Николас Мадуро, тасреҳ кард, ки муҳосираи мардуми Ғазза бояд бардошта шавад.

Ҳугу Човез, раиси ҷумҳури фақиди Венесуэла дар маҳкумияти ҳамлаи соли 2008 артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза , сафорати кишвараш дар Телавивро баст.

Ҳугу Човез, ҳамвора аз миллати Фаластин ҳимоят мекард .

ВенесуэлаҒаззаНиколас МадуроРежими саҳюнистӣФаластинҲугу Човез
Comments (0)
Add Comment