Вокуниши мақомоти ҶИЭ ба террори донишманди ҳастаии ин кишвар

Мақомоти ҶИЭ ҳодисаи дардноки террори донишманди ҳастаии Эрон ва муовини вазири дифои ин кишварро маҳкӯм ва бар гирифтани интиқоми хуни ин шаҳид, таъкид карданд.

Иброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон дар паёме таъкид кард, аз онҷо ки бурӯзи ин ҳаводиси ногувор ва аз даст додани муҷоҳидони илму амал, барои Эрони исломӣ зоиаи ғамангезу ҷуброн нопазир буда ва иқдоми анҷом шуда, як ҷинояти бузург маҳсӯб ва такрори чунин ҳаводисе ба ҳеч унвон қобили қабӯл ва таҳаммул нест, дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятӣ ва мароҷеи қазоӣ муваззафанд дар асраи вақт ва бо бакоргирии тамоми тавони иттилоотӣ барои шиносоӣ ва дастгирии афроди муздӯру ҷиноят‌кор, иқдом кунанду ҳамаи дастандаркорони ин ҷиноятро ба сазои аъмолашон бирсонанд.

Муҳаммад Боқири Қолибоф, раиси маҷлиси Эрон низ дар паёме навишт, душманони курдил, ки аз рӯёрӯӣ ва масоф бо сабру муқовимат ва истодагӣ ва ҳамчунин рушду пешрафти фарзандони ин миллат дар тамомии арсаҳои технологӣ, ҳастаӣ ва низомӣ оҷиз ва нотавон гаштаанд ба ин гӯна иқдомоти ноҷавонмардона ва хориҷ аз чорчӯбҳои инсонӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ рӯй овардаанд, ки ҳеч ҳосиле барои онҳо нахоҳад дошт ва саноеъи мо дар тамомии ҳавзаҳои низомӣ, ҳастаӣ, мушакӣ ва ғайра бо суръати бештар аз гузашта пеш хоҳад рафт.

Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме бо ибрози таассуф аз шаҳодати мазлӯмонаи шаҳид Фахризода навишт: “нерӯҳои амниятии кишвар шиносоии афроди худфрухта ва омилони террористии ин ҷинояти дадманишонаро оғоз кардаанд ва интиқоми хуни шаҳиди азизро аз мусаббибону омилони ҷинояткори он хоҳанд гирифт.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳам бо интишори паёме дар сафҳаи “Твиттер”-и худ, террори раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии вазорати дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дасти террористҳоро маҳкӯм карду навишт: “ин амали буздилона (бо нишонаҳои ҷиддии нақши исроили‌ҳо) нишондиҳанда ҷангафрӯзии ҷинояткорон аст”.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, ки Эрон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва бахусӯс Иттиҳоди Аврупо мехоҳад то стандартҳои дугонаи шармовари худро поён диҳанд ва ин иқдоми террористии давлатиро маҳкӯм кунанд.

Ваъдаи мақомҳои низомии Эрон барои интиқом аз террористҳо

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам таъкид кард, интиқоми сахте дар интизори қотилони раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аст.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ дар паёме эълом кард: “бори дигар террористҳои курдили вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ ва режими палиди саҳюнистӣ дар иқдоме ваҳшиёна, яке аз мудирону хидматгузорони арсаи илмӣ, пажӯҳишӣ ва дифоии Эронро ба шаҳодат расонданд.

Вай бо ишора ба инки шаҳид Муҳсини Фахри‌зода дар зумраи мудирони аршади санъати дифоии Эрон буд афзуд, Фахризода дар даврони умри бобаракти худ маншаи хадамоти фаровоне шуда ва тавониста буд тавони дифоии кишварро ба тарози қобили қабӯле аз боздорандагӣ бирасонад.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ таъкид кард, террори ин мудири тавоно ва шоиста гарчӣ талху зарбаи сангине ба маҷмӯаи дифоии кишвар буд, аммо душманони курдил бидонанд, роҳеро, ки шаҳид Фахризода оғоз кардаанд, ҳаргиз мутаваққиф нахоҳад шуд.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кули Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳам дар паёми твиттерӣ навишт: “террори донишмандони ҳастаӣ ошкортарин тақобули хашини низоми султа барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба улуми модерн аст”.

Ҳамлаи террористӣ ба донишманди ҳастаии Эрон

Террористони мусаллаҳ баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа худрави Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифои Эронро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Бар асоси эъломи Вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар даргирии тими ҳифозати Фахризода бо террористҳо, донишманди эронӣ ба шиддат маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шуд.

Талоши тими пизишкӣ барои эҳёи ин донишманди эронӣ муваффақ набуд ва раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифои Эрон пас аз солҳо талошу муҷоҳидат ба дараҷаи рафеъи шаҳодат расид.

Иброҳими раисӣМаҳмуди АлавӣМуҳаммад Боқири ҚолибофМуҳаммади БоқирӣМуҳаммадҷаводи ЗарифМуҳсини Фахризода
Comments (0)
Add Comment