“Валид Муаллим” вазири хориҷаи Сурия даргузашт

"Валид Муаллим", вазири хориҷаи Сурия субҳи имрӯз дар синни 79 солагӣ даргузашт .

 

 

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия “SANA”, аз даргузашти “Валид Муаллим”, вазири хориҷаи Сурия хабар дод.

“Валид Муаллим”, дар сили 1941 дар Димишқ мутаваллид шуд ва тайи солҳои 1948 то соли 1960 дар мадориси расмии ин кишвар машғули таҳсил буд ва тайи ҳамин муддат дарсҳои худро ба итмом расонад ва вориди донишгоҳ шуд ва дар соли 1963 дар донишгоҳи Қоҳира дар риштаи иқтисод фориғуттаҳсили донишгоҳ шуд . Вай дорои се фарзанд аст .

“Валид Муаллим”, дар соли 1964 ба вазорати хориҷаи Сурия пайваст.

Вай дар кишварҳои Танзания , Арабистон , Испания ва Англия ба унвони дипломат машғул ба фаъолият шуд .

“Валид Муаллим”, дар соли 1975 ба унвони сафири ин кишвар дар Румения интихоб шуд ва то соли 1980 дар ин симат фаъолият дошт . “Валид Муаллим”, аз соли 1980 то 1984 дар дафотири идории ин вазоратхона ба унвони мудири бахши аснод ва тарҷума дар вазорати хориҷа ва аз соли 1984 то 1990 ба унвони мудири идораи дафотири вижа фаъолият мекард .

Ин дипломати куҳнакори сурӣ дар соли 1990 то соли 1999 ба унвони сафири ин кишвар дар Амрико интихоб шуд ва сипас дар соли 2000 ба симати муовинати вазири хориҷа расид .

“Валид Муаллим”, дар соли 2009 вазири хориҷаи Сурия шуд ва баъд аз он дар соли 2012 ба муовинати шурои  вазирон (нахуст вазир) ва вазири хориҷа ва умури муҳоҷирин расид.

Вай дорои талифоте ҳам дар ҳавзаи сиёсати хориҷа аст аз ҷумла : “Фаластин ва сулҳи муҷаҳҳаз ба силоҳ” дар соли 1970 , “Сурия дар давраи қаймумият аз соли 1917 то соли 1948” , “Сурия аз истиқлол то ваҳдат аз соли 1948 то соли 1958” ва “Ҷаҳон ва ховаримиёна аз нигоҳи Амрикоӣ” .

АрабистонВалид МуаллимДимишқСурияТанзания
Comments (0)
Add Comment