Гуфтугӯи телефонии вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Испания

Вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Испания дар тамоси телефонӣ хостори ташдиди ҳамкории мутақобили сӯдманд байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф шуданд .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сироҷиддин Меҳриддин”, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва “Arancha Gonzalez Laya”, вазири умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамкории Испания дар тамоси телефонӣ бо якдигар Гуфтугӯ карданд .

Яке аз мавзӯъоти аслии ин Гуфтугӯ ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ буда ва тарафайн бар зарурати густариши бештари равобит таъкид карданд .

Бинобар гузориши маркази матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон , дар ин росто , тарафайн мушорикат ва пуштибонии мутақобилро муҳим унвон карданд .

Ду тараф ҳамчунин зимни баррасии вазъияти феълӣ ва дурнамои равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Испания дар ҳавзаҳои мухталиф алоқа мандии худ барои тақвияти бештари ҳамкориҳои мутақобили сӯдманд дар заминаҳои сиёсӣ , иқтисодӣ , фарҳангӣ , башардӯстона ва ҳамчунин дар чорчуби Иттиҳодияи Аврупоро иброз доштанд .

Вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Испания дар бахши дигаре дар мавриди иқдомоти марбут ба пешгирӣ аз шуюи коронавирус дар кишварҳои худ табодули назар ва муҷаддадан бар таъаҳҳуди худ барои муборизаи муштарак бо ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои он таъкид карданд .

ИспанияИттиҳодияи АврупоСироҷиддин МеҳриддинТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment