Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, тарафдорони Ҷо Байден номзади Демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бомдоди имрӯз ( панҷшанбе ) алайҳи Доналд Трамп тазоҳурот карданд .
Ин тазоҳурот дар Ню Йорк, Огайо ва Чикаго оғоз шуда аст ва муътаризон бо сар додан шъорҳое хостори адами эҷоди шаку шубҳа дар саломати интихобот шуданд .
Тазоҳуроткунандагон бо сар додани шъорҳое ҳамчунин хостори шумориши ҳамаи орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шуд .
Манобеи хабарии Амрико гузориш доданд, ки ин тазоҳурот акнун дар шаҳри Миннеаполиси Иёлати Огайо ва Бустони Иёлати Массачусетс дар ҳоли баргузарӣ аст .
Давлати Трамп дар остонаи шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зимни матраҳ кардани иддаои тақаллуб , хостори таваққуфи шумориши оро дар Иёлатҳои боқимонда монанди Пенсилвания ва Ҷорҷия шуда аст .