Раҳмон савганд ёд кард

Имрӯз 30 октябр дар Тоҷикистон маросими савгандёдкунии президенти азнавинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳодатномаи президентиашро гирифт ва расман ба иҷрои вазифаи президенти кишвар шурӯъ кард.

Ин маросим нахуст аз Қасри миллат оғоз гардид ва дар он ҷо шаҳодатномаи президентии Эмомалӣ Раҳмонро раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров таслим кард.

Ҳамзамон дар Қасри миллат дар ҳузури раҳбарони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон Абдуҳафиз Ашӯрзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ба президенти навтаъин нишони президентӣ, ордени Ситораи президенти Тоҷикистон дод ва шаддаи заррини президентиро ба гарданаш овехт.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон рӯй ба Қасри Сомон овард ва дар назди ҳайъати калони ҳукумати Тоҷикистон, вакилони парлумон ва намояндагони ҷомеаи кишвар савганд ёд кард.

Президент даст ба болои Сарқонуни Тоҷикистон гузошт ва ваъда дод, ки ба мардумаш содиқона хизмат мекунад.

Раҳмон гуфт: “ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам. Ба халқ содиқона хидмат менамоям”.

Ӯ дар идомаи суханронӣ бори дигар ба шаҳрвандоне, ки дар интихоботи 11 октябр ӯро ҷонибдорӣ кардаанд, изҳори сипос кард.

Феълан Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои кишвар дар 7 соли сипаришуда ёдовар мешавад ва аз нақшаҳои роҳбарияти давлат дар 7 соли оянда мегӯяд ва пас аз суханронӣ барои иштирок дар гузашти низомӣ ба майдони Дӯстӣ меравад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ин гузашт ҳудуди 7 ҳазор сарбозу афсари Неруҳои мусаллаҳ ба намояндагӣ аз ниҳодҳои гуногун – вазоратҳои дифоъ, коҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва донишҷӯёни донишгоҳҳои низомии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

интихоботи президенти ТоҷикистонҚасри МиллатРаҳмонсавгандТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment