Раиси ҷумҳури Чичен ба шиддат аз Макрон интиқод кард

Раиси ҷумҳури Чичен дар эътироз ба изҳороти Макрон дар ҳимоят аз тавҳин ба Паёмбари Акрам(с), аз риси­ ҷумҳури Фаронса ба шиддат интиқод кард .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Sputnik”, “Рамазон Қодиров” раиси ҷумҳури Чичен дар эътироз ба изҳороти Эммануэл Макрон раиси ҷумҳури Фаронса дар ҳимоят аз тавҳин ба Паёмбари Акрам(с) эълом кард, ки иқдоми вай ба ҷои кантроли ифротгарӣ мунҷар ба ғаму андӯҳ дар миёни мусулмонони саросари ҷаҳон шуда аст .

Раиси ҷумҳури Чичен дар ин хусӯс эълом кард : Макрон бояд бидонад, ки карикатурҳои Паёмбари Ислом мӯҷиби ранҷиши мӯъминон шуда аст ва иқдоми ӯ хилофи ончи шоистаи як раҳбар ба шумор меравад , бар оташи ихтилофот дамида аст .

“Рамазон Қодиров”, дар идома ҳушдор дод, ки иқдомоти Макрон метавонад бо барангехта шудани эҳсосоти мусалмонон , ба паёмадҳои ғамборе мунҷар шавад .

МакронПаёмбари ИсломРамазон ҚодировЧичен
Comments (0)
Add Comment