Фаронса 231 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ мекунад

Хабаргузории "Reuters" аз тасмими давлати Фаронса барои ихроҷи 231 шаҳрванди хориҷӣ аз ин кишвар ба иттиҳоми "фаъолиятҳои ифротӣ", хабар дод .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, аз тасмими давлати Фаронса барои ихроҷи 231 шаҳрванди хориҷӣ ба иттиҳоми «фаъолиятҳои ифротӣ» хабар дод .

Бар асоси ин гузориш , хабаргузории Reutersба нақл аз “Радио Europe 1” навишт, ки дарпайи кушта шудани як муаллими таърих дар Фаронса аз сӯи як шаҳрванди чиченӣ , давлати Фаронса қасд дорад 231 шаҳрванди хориҷиро ба баҳонаи «фаъолиятҳои ифротӣ» аз хоки ин кишвар ихроҷ кунад .

Ин дар ҳоле аст, ки вазорати кишвари Фаронса аз зикри ҷузъиёти бештар дар ин хусӯс худдорӣ карда аст .

Хабари тасмими Фаронса барои ихроҷи 231 шаҳрванди хориӣ 2 рӯз баъд аз он мунташир мешавад, ки фарди муҳоҷим дар Париж рӯзи ҷумъа як муаллими таърихро, ки тасовири тавҳин омез ба Паёмбари Мслом(с)-ро дар синфи дарс ба намоиш гузашта буд , бо корча кушт ва худи вай низ ба зарби тири полис кушта шуд .

ReutersПарижФаронсафаъолиятҳои ифротӣ
Comments (0)
Add Comment