Рӯйдодҳои Қирғизистон аз нигоҳи коршиносони тоҷик

Дар бораи чӣ гуна ҷараён гирифтани рӯйдодҳои минбаъда дар Қирғизистон коршиносон назарҳои гуногуне доранд.

Сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён мегӯяд, бисёре аз коршиносони қирғиз интизори чунин вазъият набуданд, аз ин рӯ, пешгӯии рӯйдоҳои минбаъда хеле душвор аст.

Ӯ изҳор дошт: “Он ҷо миёни гурӯҳҳои нухбагон (элита) муқовимати ҷиддӣ ҷараён дошта, низоми сиёсии кишвар дар марҳилаи транзитӣ қарор дорад. Коршиносону фаъолони ҷомеаи шаҳрвнадӣ бо назардошти рӯйдодҳои ахир, навсозии гурӯҳҳои нухбагонро зарур медонистанд ва истеъфои президент идомаи мантиқии ин ҷараён аст”.

Ба гуфтаи ӯ, тайи ҳафтаҳои охир Қирғизистон ҳудуди 100 млн долларро талаф дода, агар бесуботӣ идома ёбад, он барои иқтисод зарбаи ҷиддӣ буда, ба эътидол омадани вазъро мушкил месозад.

Вай қард кард: “Бо назардошти тағйироти ахир сарвазир Жапаров барои президенти нав шудан имкони бештар дорад, лекин бояд қайд кард, ки сарфи назар аз ин, дар Қирғизистон вобастагии мутақобила байни ҳокимияти қонугузор ва иҷроия ба вуҷуд омад: миёни парлумон ва ҳукумат”.

Сииёсатшинос зикр кард, ки дар ин кишвар шакли ҳокимият низ дигар шуда метавонад, яъне парлумонӣ-президентӣ ё пурра гузаштан ба ҳокимияти парлумонӣ ё президетӣ ва ин ба рӯҳия ва манфиатҳои гурӯҳҳои нухбагони айни замон дар майдони сиёсии Қирғизистон фаъолиятдошта вобаста хоҳад буд.

Ӯ илова кард: “Ба рӯҳияи гурӯҳҳои сиёсӣ вазъияти марбут ба пандемияи Covid-19 низ таъсир расонида, самаранокӣ ва коршоямии ҳукумати нав ба ин вазъ ҳам вобаста аст”.

Ба ақидаи таҳлилгари тоҷик Марат Мамадшоев, ки чандин сол дар Қирғизистон кору фаъолият кардааст, “айни замон якчанд нафар ба мансаби президентӣ довталабӣ карда метавонанд, аз ҷумла Омурбек Бабанов ва Содир Жапаров, ки ахирӣ агар сари мансаби сарвазирӣ боқӣ монад, ин маънои онро надорад, ки аз имконоти маъмурӣ истифода бурда тавонад”.

Мамашоев мегӯяд: “Ақаллиятҳои миллӣ бо эҳтиёткорӣ ба ӯ муносибат мекунанд ва дар симои ӯ милллатгарои қирғизро мебинанд, Бабанов бошад, яке аз сарватмандтарин шахсони қирғиз буда, ҷонибдорони зиёд дорад ва дар итихоботи соли 2017 пас аз Жээнбеков қарор гирифта буд”.

Марат Мамадшоев зикр кард, ки соли 2011 замони президентии Отамбоев Бабанов қариб як сол ба ҳайси сарвазир кор карда, аз ин рӯ, таҷрибаи маъмурӣ ҳам дорад, лекин он вақт ӯро ба коррупсия ва ҳимоя аз манфиатҳои тиҷорати худ гунаҳкор карда буданд.

Мамдшоев таъкид кард: “Лекин пайдо шудани номзадҳои дигар ҳам аз эҳтимол дур нест. Ҷавонони муосир ҳам Бабанов ва ҳам Жапаровро хуш надоранд. Онҳо ислоҳти воқеии демократӣ мехоҳанд. Ин фазо холӣ аст. Пешгӯйии рӯйдодҳои минбаъда хеле душвор аст, лекин ба гумони ғолиб, эътироз дар кӯчаҳо камтар мешавад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибдорони Жапаров бештар фаъол буда, қисмати зиёди эътирогаронро ташкил медоданд ва як гурӯҳе аз сохторҳои қудратӣ низ аз онҳо дастгирӣ мекунанд.

Вай илова кард: “Ҳозир гӯё ба назар мерасад, ки онҳо ба гузаронидани қарорҳои худ ноил гардиданд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки яқинан мардум дигар ба эътирозҳои бузургмиқёс даст намезананд”.

Коршиноси масоили минтақавӣ Қосим Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки Русия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хостори он буданд, ки то ба эътидол омадани вазъият Жээенбеков сари мансаб бимонад, лекин эътирозгарон ва қисмате аз сиёсатмадорони кишвар ва маҳз сарвазири нав Содир Жапаров бо истифода аз фишори майдон ва ҷонибдорони худ, Жээнбековро ба истеъфо маҷбур намуданд.

Ин коршинос мегӯяд: “Пас аз истеъфои президент эътирозгарон ба талаби ҳарчи зудтар пароканда кардани Жогорку Кенеш (парлумон) оғоз карданд. Агар воқеа чунин сурат гирад, бесарусомонии ҳуқуқӣ дар Қирғизистон бамаротиб меафзояд, зеро ҳозир танҳо сарвазир ниҳоди қонунӣ буда, нисбати ӯ ҳам ҳуқуқшиносон саволҳои зиёд доранд”.

Номбурда зикр кард, ки дар ташкили ҳукумати нав мансабҳое ҳастанд, ки онҳоро танҳо президент таъин мекунад ва акнун маълум нест, ки таъини шахсон ба ин мансабҳо чӣ гуна сурат мегирад.

Ӯ шарҳ дод: “Масалан, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мустақиман ба президент тобеъ буда, таъиноти кадриро дар он преидент ба амал мебарорад. Номзадҳои раиси Суди олӣ ва прокурори генералӣ низ аз ҷониби президент пешниҳод шуда, сипас парлумон онҳоро тадсиқ мекунад”.

Коршинос мегӯяд, минтақаҳои ҷануб, ки ҷонибдорони Жээнбеков мебошанд, шояд вокуниш нишон диҳанд, яъне агар сарвазири ҳозира аз тарафдорони худ хотимаи “майдонҳо”-ро талаб накунаду реҷаи комендантӣ риоя нашавад, аз эҳтимол дур нест, ки мухолифони Жапаров низ ба ташкили чунин “майдонҳо” зидди ӯ даст зананд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, худи мухолифони Жээнбеков чунин рӯйдодҳоро интизорӣ надошта, танҳо мехостанд, ки натиҷаи интихоботи парлумонӣ бекор шавад, лекин эътирозгарон фарохтар рафта, метавон гуфт, ки инқилоб карданд.

Вай қайд кард: “Ҳеҷ касе интизор надошт, ки онҳо аз зиндонҳо раҳо шуда, ҳокимиятро ба дасти худ мегиранд, Ва имрӯз пешгӯйӣ кардани он, ки минбаъд кӣ президент мешавад, хеле душвор аст”.

Коршинос таъкид кард: “Демократияи аз ҷониби қирғизҳо ба намоиш гузошташуда демократияро бадном кард, зеро ғасби ҳокимият тариқи фишору зӯроварӣ ба демократияи ҳақиқӣ ҳеҷ муносибате надорад”.

 

Интихоботи парлумонӣҚирғизистонСооронбой ЖээнбековТазоҳуротэътироз
Comments (0)
Add Comment