Ба нақл аз манобеи хабарӣ Соронбой Жээнбеков дар баёнияе бо ишора ба идомаи танишҳои сиёсӣ дар Қирғизистон таъкид кард: “ҳифзи тамомияти кишвар ва иттиҳоди мардум ва оромиши ҷомеа барои ӯ болотарин авлавият аст”.
Вай ҳамчунин аз тарафҳои мунозиаи сиёсӣ хост, ки ба иқдомоти таҳрикомез поён диҳанд.
Раисҷумҳурии Қирғизистон рӯзи ҷумъаи гузашта бо эъломи вазъи изтирорӣ дар шаҳри Бишкек – пойтахт, аз артиш хост то ба нооромиҳои интихоботӣ ва даргирии хиёбонии ҳаводорони аҳзоби сиёсӣ поён диҳад.
Нооромиҳои Қирғизистон пас аз баргузории интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 4 октябр оғоз шуд.
Бар асоси натоиҷи эъломшуда, чаҳор ҳизб ба парлумон роҳёфта ва 12 ҳизби дигар ҳадди нисоби 7 дарсадии оро барои вуруд ба порлумони 120 нафарии ин кишварро касб накарда буданд.
Комиссияи интихоботи Қирғизистон рӯзи сешанбе дар пайи тазоҳурот ва нооромиҳо натиҷаи интихоботи парлумониро ботил кард.