Венесуэла озмоиши клиникии ваксинаи коронавируси Русиро бо 2 ҳазор хостор оғоз кард

Раиси ҷумҳури Венесуэла аз оғози озмоиши клиникии ваксинаи коронавируси русӣ дар ин кишвар бо мушорикати 2 ҳазор хостор хабар дод .

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, нахустин маҳмула аз ваксинаи Рустии коронавирус бо номи “Sputnik В”, авоили моҳи октябр ба Венесуэла таҳвил дода шуд ва 2 ҳазор хостор барои ширкат дар озмоиши ин ваксина мушорикат карданд .

“Николас Мадуро”, раиси ҷумҳури Венесуэла рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки озмоиши клиникии ваксинаи Русии коронавирус дар Венесуэла оғоз шуда аст .

Пештари расонаҳо гузориш дода буданд, ки мақомоти Венесуэла ба дунболи хостор барои ширкат дар тести клиникии ваксина буданд . Давлати ин кишвар ба дунболи 2000 мушорикаткунандаи клиникии 18 сол буда, ки ҳечгуна холкӯбӣ надошта ва аз бемории танаффусӣ низ ранҷ набарад .

Николас Мадуро, пештар гуфта буд : « замоне ки ваксина мавриди таъйид қарор гирифт , мо онро дар Венесуэла тавлид хоҳем кард ва тамоми мардумро дар баробари коронавирус ваксина хоҳеми кард.»

Венесуэла нахустин кишвар дар нимкураи ғарбӣ ба шумор меояд, ки дар марҳалаи сеюми озмоиши клиникии ваксинаи Русии коронавирус ба номи “Sputnik В”, ширкат кардааст .

ВенесуэлакоронавирусНиколас Мадуро
Comments (0)
Add Comment